Дабири кулли СҲШ Владимир Норов: «Наврӯзи байналмилалӣ рамзи сулҳ, дӯстӣ, меҳрубонӣ ва эҳтироми ҳамдигар аст»

Март 18, 2021 11:46

ДУШАНБЕ, 18.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) 21 март ҷашни байналмилалии Наврӯз- рамзи сулҳ, дӯстӣ, меҳрубонӣ ва эҳтироми ҳамдигарро ҷашн мегиранд. Имсол, вақте ки бистумин солгарди СҲШ ҷашн гирифта мешавад, 18 кишвари созмони мо Наврӯзро 19 март дар Котиботи СҲШ, ки хонаи умумии мост, якҷоя таҷлил мекунанд. Дар ин бора дабири кулли СҲШ Владимир Норов дар мақолааш бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки имрӯз дар бахши русии АМИТ «Ховар» нашр гардид, гуфтааст.

В. Норов аҳамияти қатъномаи соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии СММ қабулшударо тазаккур дода, зикр кардааст, ки лоиҳаи ин қатъномаро ҳайати Тоҷикистон, яке аз кишварҳои бунёдгузори Созмони Ҳамкории Шанхай, дар якҷоягӣ бо ҳайатҳои як қатор кишварҳои аъзо, нозирон ва шарикони муколамаи СҲШ омода ва пешниҳод кард.

Тавре ӯ мегӯяд, қатънома давлатҳои аъзои СММ-ро тавсия медиҳад, ки барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи Наврӯз ва баргузор намудани чорабиниҳои солона бахшида ба ин ҷашн кӯшиш ба харҷ диҳанд ва инчунин даъват менамояд, ки таърихи пайдоиш ва анъанаҳои он бо мақсади паҳн намудани донишҳо дар бораи мероси Наврӯз дар ҷомеаи байналмилалӣ омӯхта шавад.

Дабири кулли СҲШ Владимир Норов

Ба гуфтаи дабири кулли СҲШ, барои Наврӯз сарҳадҳои миллӣ вуҷуд надоранд, он мардум ва ҷомеаҳои мухталифро бо риштаҳои хайрхоҳӣ ва дӯстӣ муттаҳид мекунад. Ҷолиби диққат аст, ки дар кишварҳое, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд, намояндагони тамоми қавмият, миллатҳо ва ҷомеаҳои фарҳангӣ ин ҷашни дурахшонро таҷлил мекунанд.

«Ин ҷашн беҳтарин далели арзиши пойдории ваҳдат дар гуногунӣ ва ёдрас кардани он аст, ки инсоният як сарнавишти муштарак дорад», — тазаккур додааст Норов.

Дар ин замина, дабири кулл арзиши асарҳои нобиғаҳои бузурги Шарқ Абурайҳон Берунӣ, Умари Хайём, Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоиро, ки дар бораи ҷашни Наврӯз ашъори зиёде боқӣ монда, дар он онҳо мардумро ба сулҳу оштӣ даъват кардаанд, таъкид намудааст.

«Инсоният ба даҳсолаи сеюми ҳазорсолаи сеюм ворид шуд, ки пур аз зиддият ва тағйироти дорои омилҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ, инчунин тағйирёбии иқлим ва таназзули муҳити зист мебошад», — зикр кардааст В.Норов.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар ин шароит давлатҳои аъзои СҲШ аҳамияти мусоидат ба ҳамкорӣ дар эҷоди муносибатҳои байналмилалии навъи навро, ки бар принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, эҳтироми тарафайн, адолат, баробарӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд асос ёфтаанд, таъкид мекунанд.

Дабири кулли СҲШ ҳамоҳангии рӯҳияи сулҳҷӯёна ва созандаи Наврӯзро бо «Рӯҳияи Шанхай» таъкид мекунад, ки мазмуни асосии он эътимод ва манфиати тарафайн, баробарӣ, машваратҳои тарафайн, эҳтиром ба гуногунии фарҳангҳо ва тамаддунҳо, талош ба рушди муштарак ва арзишҳое, ки дар Оинномаи СҲШ аз 7 июни соли 2002 муқаррар шудаанд, мебошанд. Аз ин рӯ, таҷлили муштараки Наврӯз аз ҷониби кишварҳои «Оилаи СҲШ» дар таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми тарафайн ва дӯстии байни мардум, инчунин наздикшавии фарҳангҳо бо тамоми гуногунрангии онҳо маънои амиқ ва аҳамияти махсус дорад.

Март 18, 2021 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории Тоҷикистону Бангладеш дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
Натиҷаҳои Конфронси чоруми оби Душанбе дар ҷаласаи ЭСКАТО муаррифӣ гардиданд
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда шуд
Тоҷикистон ва Қатар бахшида ба Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ дар Женева чорабинӣ баргузор намуданд
Дар Вашингтон бо иштироки соҳибкорони Тоҷикистон ва ИМА мизи мудаввар баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт нусхаи эътимоднома супорид
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим дар Бангкок муаррифӣ шуданд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ИМА дар бахшҳои сиёсӣ ва илмӣ баррасӣ шуд
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Амрико машваратҳои сиёсӣ баргузор шуданд
Мафалда Дуарте: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии иқлим мавқеи пешсаф дорад»
Ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ИДМ муаррифӣ карда шуд