Дар ҷаҳон афзоиши пиронсолон ва дар Тоҷикистон зиёд шудани ҷавонон мушоҳида мешавад

Март 17, 2021 11:25

ДУШАНБЕ, 17.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Синни 20,6% сокинони кишварҳои узви ИА дар соли 2020 ҳадди аққал 65-сола буд. Ин шумора нисбат ба даҳсолаи қаблӣ 3 нишондиҳанда зиёд аст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, чунин маълумотро рӯзи сешанбе, 16 март Агентии омори аврупоии Евростат нашр кардааст.

Кишварҳои дорои нисбатан зиёди аҳолии калонсоли Иттиҳоди Аврупо Италия (ҳиссаи одамони 65-сола ва калонтар 23,2%), Юнон ва Финляндия (ҳар кадоме 22,3%), Португалия (22,1%), Германия  (21,8%) ва Болгария (21,6) %) мебошанд. Дар навбати худ, Ирландия (14,4%) ва Люксембург (14,5%) ба давлатҳое табдил ёфтанд, ки дорои аҳолии аз ҳама ҷавонтар дар ИА мебошанд.

Мушкилоти демографӣ дар Иттиҳоди Аврупо, бахусус пиршавӣ ва коҳиши аҳолӣ, расман эътироф карда мешаванд. Ҳамин тариқ, тибқи гузориши Комиссияи аврупоӣ “Таъсири тағйироти демографӣ (The Impact of Demographic Change), ки моҳи июни соли гузашта нашр шуд, шумораи одамони қобили меҳнат дар ИА то соли 2070 18% коҳиш ёфта, ҳиссаи одамони синнашон аз 65 боло то 30,3% афзоиш хоҳад ёфт. Дар ҳамин ҳол, тамоми аҳолии Иттиҳоди Аврупо на бештар аз 4% аҳолии кураи заминро ташкил хоҳад дод, гарчанде соли 1960 ин шумора тақрибан 12%-ро ташкил медод».

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, аҳолии ҷаҳон рӯ ба пиршавӣ дорад, афзоиши ҳиссаи пиронсолон тақрибан дар ҳама кишварҳо ба назар мерасад, дар ҷои аввал миёни кишварҳое, ки сатҳи баландтарини пиршавӣ ба қайд гирифта шудааст, Япония қарор дорад. Дар Росссия сатҳи пиршавӣ ба 1 январи соли 2019 21,5% ва дар ИМА 22,0%-ро ташкил дод.

Дар Тоҷикистон ҳиссаи аҳолии то 25-сола 54% ва ҳиссаи пиронсолон (65-сола ва калонтар) ҳамагӣ 3,2%-ро ташкил медиҳад. 70%-и сокинони Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд.

То моҳи январи соли 2021 шумораи аҳолии Тоҷикистон 9 миллиону 538 ҳазор нафар ба қайд гирифта шуд.

Тибқи таҳқиқоти Global Burden of Disease, ки нашрияи тиббии Lancet нашр кардааст, Тоҷикистон аз рӯи синни миёнаи аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҷои дуввум аст.

Синни миёнаи аҳолӣ дар Тоҷикистон, тавре ки дар таҳқиқот қайд шудааст, 73,7 солро ташкил медиҳад. Дар ин нишондиҳанда дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон бо  73,8 сол пешсаф аст.

Дар Қазоқистон синни миёнаи аҳолӣ 72,4 сол, дар Қирғизистон 70,9 сол ва дар Туркманистон 70,4 сол аст.

Март 17, 2021 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»