Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 10.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик таҳти унвони «Нақши матбуот дар раванди идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ-сисёсӣ баргузор шуд.
Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода тамоми рӯзноманигорон ва аҳли қаламу суханро самимона табрик гуфта, зикр намуд, ки “бо мақсади қадршиносии аҳли қалам ва кормандони воситаҳои ахбори омма ҳамасола 11 март дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик ва иди касбии рӯзноманигорон таҷлил мегардад. Воситаҳои ахбори омма барои инъикоси таҳаввулоти азими иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳифзи манофеи миллӣ, сари вақт ба аҳолӣ расонидани ахбори зарурӣ оид ба cамтҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда нақши барҷаста ва муассир доранд. Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воситаҳи ахбори омма ҳамкории хубу самаранок дорад. Саҳми воситаи ахбори оммаи кишвар, хусусан матбуот дар муборизаҳои иттилоотӣ имрӯзҳо хеле барҷастааст. Чунки душманони миллату давлат ҳамарӯза кӯшиш мекунанд, ки бо ахбори бардурӯғу муғризона Ватани моро ба таври манфӣ муаррифӣ намоянд, вале бо саҳми матбуот ва дигар ВАО-и Тоҷикистон тири онҳо хок хӯрда, ҳеҷ гоҳ ба мақсади худ намерасанд. Бовар дорем, ки кормандони воситаҳои ахбори омма минбаъд низ барои инъикоси дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда мегузоранд”.
Тавре аз Академияи идоракунии давлатӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода дар мавзӯи «Матбуот ва равандҳои ҷаҳонишавӣ», мудири кафедраи телевизион ва радоишунавонии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулов дар мавзӯи «Нақши матбуот дар таҳкими давлатдории миллӣ», дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ ва сармуҳаррири рӯзномаи «Сарвар ва миллат»-и Академия Раҳматулло Каримов дар мавзӯи «Қадамҳои устувори «Сарвар ва миллат» маърӯза намуданд.
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба мақоми воситаҳои ахбори омма хеле бамаврид таъкид намудаанд: «Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд». Маҳз, бо шарофати соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо теъдоди зиёди рӯзномаву ҳафтанома, телевизиону радио ва сомонаҳои интернетӣ фаъолияти пурсамар доранд ва сокинон сари вақт бо рӯйдодҳои муҳими ҷомеа шинос мегарданд.
Мудири кафедраи телевизион ва радоишунавонии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулов зикр намуд, ки дар ҷаҳони муосир нақши воситаҳои ахбори омма барои расонидани иттилоъ ва таҳлилу баррасии масъалаҳои мубрами ҷомеа назаррас буда, он ҳамчун як рукни муҳими давлатдорӣ дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, ҷаҳонбинии мардум ва пойдории адолату воқеият нақши бориз доранд. Матбуот дар ҳама давру замон ба сифати миёнарави байни ҳукумат ва ҷомеа баромад доштааст. Ҳамин аст, ки мардум ҳамеша ба сухани матбуот эътимод доранд ва онро қабул мекунанд, дар фаъолияти худ аз он кор мегиранд ва ин масъулияти аҳли матбуотро боло мебарад.
Дар хатми ҳамоиш кормандони нашрияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Сарвар ва миллат» ва рӯзноманигорону собиқадорони соҳа бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик аз ҷониби роҳбарияти Академия бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.











«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
29 август дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоишгоҳи муштараки маҷозии Тоҷикистон ва Эрон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид
«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва ноҳияи Файзобод баргузор мегарданд
Дар Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб баргузор шуд
Имрӯз рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа баргузор мегарданд
БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд






