Дар ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ роҳҳои таъмини шуғли аҳолӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 12.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Роҳҳои таъмини шуғли аҳолӣ дар Тоҷикистон дар шароити кам шудани муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравии доимоамалкунанда оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ (зинаи дуюм), ки таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ашӯрбой Солеҳзода дар Душанбе доир гардид, баррасӣ шуданд.
Аз Вазорати рушди иқтисод ва савои мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин ҳамоиш бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгӯии хавфҳо ва коҳиши таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ доир гардид.
Доир ба масъалаи роҳҳои таъмини шуғли аҳолӣ дар мамлакат дар шароити кам шудани муҳоҷирати меҳнатӣ муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Нурулло Маҳмадуллозода ва муовини Вазири саноат ва технологияҳои нав Умед Солеҳзода ба аъзои Гурӯҳи корӣ гузориши муфассал пешниҳод намуданд.
Аз натиҷаи ҷаласаи Гурӯҳи корӣ вобаста ба масъалаи роҳҳои таъмини шуғли аҳолӣ дар кишвар дар шароити кам шудани муҳоҷирати меҳнатӣ қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш ирсол мегардад.








Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид






