Дар ҷануби Тоҷикистон соли 2020 нуҳ корхонаи бекорхобида аз нав фаъол карда шуданд

Март 30, 2021 10:55

БОХТАР, 31.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар тӯли 5 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Хатлон 2,5 баробар ва шумораи корхонаҳои нав 8,3 баробар афзудааст. Дар ин бора 29 март дар Бохтар дар иҷлосияи панҷуми вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум гуфта шуд.

«Дар тӯли 30 соли истиқлоли кишвар саноати вилояти Хатлон босуръат рушд меёбад, дар шаҳру ноҳияҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ сохта мешаванд, навъҳои гуногуни маҳсулоти саноатӣ сол то сол зиёд мешавад. Соли 2020 номгӯйи маҳсулоти саноатӣ 153 навъро ташкил намуд, дар ҳоле ки соли 2015 танҳо 92 навъ маҳсулот истеҳсол карда мешуд», -зикр  кард роҳбари вилоят Қурбон Ҳакимзода.

Ба гуфтаи ӯ, шумораи корхонаҳои саноатӣ низ афзудааст.

«Тибқи таҳлилҳо, соли 1991 дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон 75 корхонаи саноатӣ фаъолият мекард, соли 2020 — 619 адад. Дар ин давра зиёда аз 544 корхонаи нав ба истифода супорида шуда, ҳазорҳо ҷойҳои кори доимӣ ташкил гардиданд», — зикр карда шуд дар иҷлосия.

Дар нақшаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар солҳои 2021-2025 аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ ва вазорату идораҳо бунёди 145 корхонаи нави саноатӣ бо 12.543 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст.

Танҳо соли 2021 бунёди 60 коргоҳ ва корхонаи истеҳсолӣ бо 958 ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Илова бар ин, тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эҳёи корхонаҳои аз фаъолият бозмонда соли 2020 9 корхона фаъолияти худро аз нав шурӯъ ва ба маблағи 15,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Хатлон дар муқоиса бо соли 2019  313,7 миллион сомонӣ ва ё 3,7% афзоиш ёфта, ба маблағи 8 миллиарду 810 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд.

Март 30, 2021 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд