Дар арафаи ҷашни Наврӯз ба 100 нафар оилаҳои ниёзманди Душанбе кумакҳои моддии яквақтаина расонида шуданд
ДУШАНБЕ, 17.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино, инчунин бо саҳми вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Нурҷаҳон Исмоилзода ба 100 нафар оилаҳои ниёзманди шаҳри Душанбе кумакҳои моддии яквақтаина расонида шуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, кумаки расонидашуда аз маводи ғизо, аз қабили орд, равған, картошка, пиёз, шакар, макарон, биринҷ ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал иборат буд.
Ин иқдом дар доираи сиёсати пешгирифтаи Cарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ки ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии оилаҳои ниёзманд таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд, роҳандозӣ гардид.
Тавре Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд: «Хайру саховат ва меҳрубонӣ ба ятимону дармондагон, ки дар рӯзҳои ид чашми умед сӯйи мову шумо дӯхтаанд, қарзи инсонӣ ва исломии ҳар фарди худоҷӯй ва инсондӯст аст».










Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»






