Дар Давҳа конфронси матбуотӣ оид ба авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар СҲШ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 23.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 март Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар конфронси матбуотиро дар бораи авлавиятҳои раёсати кишварамон дар Созмони ҳамкории Шанхай бо ҳузури роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Давҳа ва васоити ахбори оммаи Қатар баргузор намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода авлавиятҳои раёсати кишварамон дар созмони мазкурро барои солҳои 2020-2021 рӯнамоӣ карда, ҳамчунин роҷеъ ба аҳаммияти чорабиниҳои гуногуне, ки баргузории онҳо дар чаҳорчӯби раёсати Тоҷикистон дар соли ҷорӣ пешбинӣ ва ба таҳкими баъдии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таъмини амну суботи минтақа равона шудаанд, маълумот дод.
Таъкид гардид, ки раёсати Тоҷикистон дар СҲШ, ки ба ҷашни 20-солагии таъсисёбии ин созмон рост меояд, аз ҷиҳати тавсеаи фаъолиятҳои созандаи Созмони ҳамкории Шахай ва такмили иқтидори он саҳми шоистаю назаррас хоҳад гузошт.
АКС аз ВКХ ҶТ








Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






