Дар деҳоти Равоти Конибодом Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд

Март 14, 2021 09:11

ДУШАНБЕ, 14.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Маркази саломатии деҳоти Равоти шаҳри Конибодом пас аз таъмири хушсифат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Маркази саломатӣ соли 1990 ба истифода дода шуда, 31 сол инҷониб мавриди истифода қарор дошт. Инак он бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва кумаки соҳибкорон пурра аз таъмир бароварда шуд.

Марказ дорои ҳуҷраҳои табибони оилавӣ, таҳлилгоҳ, эмгузаронӣ, изолятор, хизматрасонӣ ба модарон, дандонпизишкӣ буда, дар он 20 нафар кормандони соҳаи тиб ба 5100 нафар аҳолии ҳудуди деҳоти Равот хизмат мерасонанд.

Март 14, 2021 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд