Дар доираи амалиёти «Пиёдагард» ба хонандагони шаҳри Душанбе аломатҳо ва қоидаҳои ҳаракати роҳ омӯзонида мешаванд
ДУШАНБЕ, 04.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз тибқи нақшаи тасдиқгардидаи роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби роҳбарият ва кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи амалиёт бо номи шартии «Пиёдагард», ки то 2 апрел дар қаламрави ҷумҳурӣ амал мекунад, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо хонандагони ин боргоҳи илму маърифат вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Дар ҳамоиши мазкур сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Юсуф Эмомзода, муовини сардори ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе, подполковники милитсия Саид Шомаҳмадзода, нозири калони гурӯҳи ташвиқоту тарғиботи ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе, майори милитсия Мирзохон Саидов, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 Хурсандой Шарифова ширкат намуданд.
Сардори ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе Юсуф Эмомзода зимни мулоқот оид ба сатҳи қоидавайронкунӣ ва садаманокӣ бо иштироки кӯдакону наврасон дар пойтахт зарифи як сол маълумот дода, мақсади баргузории амалиётро баланд бардоштани савияи дониши хонандагон дар бораи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ маънидод намуд. Дар идома нозири калони гурӯҳи ташвиқоту тарғиботи ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе Мирзохон Саидов оид ба аломатҳои роҳ ва қоидаҳои ҳаракати роҳ ба хонандагон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Зикр шуд, ки бояд ҳар шаҳрванди комилҳуқуқи ҷумҳурӣ пеш аз ҳама, ҷони худ ва дигаронро зери хатар нагузошта, бояд тамоми қоидаҳои ҳаракат дар роҳро донад ва риояи онро бе чуну чаро дар амал татбиқ намояд.
Ёдовар мешавем, ки чунин силсиласуҳбату мулоқотҳои ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе дар муассисаҳои таҳсилотӣ дар доираи амалиёти «Пиёдагард» то 2 апрел идома меёбанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






