Дар Донишгоҳи давлатии Данғара ба истиқболи Рӯзи Модар ҳамоиши тантанавӣ доир шуд

Март 5, 2021 09:30

ДУШАНБЕ, 05.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Данғара ба ифтихори Рӯзи модар таҳти унвони “Мактаби намунаи ибрат ва шамъи маърифати занон” ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ин бора ёвари ректор ва мудири бахши робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммад Шораҳимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара профессор Нуралӣ Шоҳиён бо самимияти хос ҳайати донишҷӯдухтарон ва занону бонувонро бо ин рӯзи неку фархунда табрик гуфта, оид ба хизматҳои шоёни занону бонувони сиёсатмадори ҷумҳурӣ ибрози андеша намуданд.

“Дар тӯли таърихи инсоният занони боиродаву дурандеш, хирадманду закӣ ва боистеъдоду худафрӯз бо ҳидояту пайкор тавонистанд зиндагии худу атрофиёнро мунаввар карда, ба ҳамзамонон исбот намоянд, ки маҳз ақлу заковат, иродаву фазилат ва маърифату фарҳанги хонадории зан сутуни давлат ва пойдевори зиндагии ҳар хонадонро побарҷо месозад. Ғолибан дар ҷомеае, ки зан мақоми созандаву зиндагии шоиставу солим ба сар дошта бошад, он кишвар дар рушду тараққист. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 дар бораи таҷлили Рӯзи Модар фармон ба тавсиб расонида, таъкид доштанд, ки зан – модар офарандаи ҳаёт, мураббии наслҳо, тарбиятгари наврасону ҷавонон ва такягоҳи устувори хонавода мебошад”,-зикр намуд ректори донишгоҳ.

Таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат ба масъалаи баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа, ба вазифаҳои роҳбариву давлатӣ ҷалб намудани бонувони фаъолу пешоҳанги ҷумҳурӣ сабаби сарфарозиву нишоти кулли бонувони кишвар мебошад, ки ин нуктаро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш иброз доштанд: “Мо минбаъд низ ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президенти мамлакат доир ба баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа тадбирҳои зарурӣ андешида, занону бонувони лаёқатмандро ба вазифаҳои давлативу роҳбарӣ ҷалб мекунем”.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ягона кишваре мебошад, ки Консепсияи байналмилалии ҳуқуқҳои сиёсии занонро тасдиқ намудааст. Имрӯз бонувон баробари мардон дар сиёсат ва идоракунии давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳо самаранок фаъолият доранд. Масъалаи баробарии гендерӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Таҷрибаи имрӯза нишон медиҳад, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон бонувон бо дарки бештари масъулият дар корҳои сиёсӣ ва сохторҳои идории кишвар аз уҳдаи вазифаҳои худ ба хубӣ мебароянд.
Дар ҷамъомади идона муовини раиси ноҳияи Данғара Бунафша Файзиддинзода сухан гуфта, паёми табрикии раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмонро ба ҳозирин расонид.

Зикр шуд, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷикон занро ҳамчун қувваи пешбаранда ва ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф намуда, иштироки онҳоро дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт ва сохторҳои қудратӣ ногузир медонад. Илова бар ин, занон, ки имрӯз як паҳлӯи таркибии ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд, сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ пуштибонӣ намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар пешрафту густариши давлат саҳми арзанда дошта бошанд.

Дар хатми ҳамоиш аз ҷониби Маркази таълимӣ-ҳунармандии донишгоҳ- “Чаманоро” либосҳои миллии таҳия намудаи тарроҳон намоиш дода шуда, барномаи рангини консертӣ бо суруду таронаҳои ватандӯстона ва меҳри модар манзур гардид.

Март 5, 2021 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд
Тоҷикистон ва Индонезия чорабиниҳои дарпешистода дар соҳаи дипломатияи обиро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бо вакилон вохӯрӣ баргузор гардид
Бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд доир гардид
Доир ба истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ машғулияти такмили ихтисос оғоз ёфт
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони даври аввали озмун қадрдонӣ шуданд
«КОРВОНИ КИТОБ». Он имрӯз ба шаҳри Бохтар расид