Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Рӯзи матбуот пуршукӯҳ таҷлил шуд
ДУШАНБЕ, 11.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Матбуот –оинаи ҳаёт»-таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ба ифтихори Рӯзи матбуот ҳамоиши пуршукӯҳ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъоли ин боргоҳи маърифат ширкат намуданд.
Тавре аз донишгоҳи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Нуъмонҷон Ғаффорӣ роҷеъ ба вижагиҳои матбуоти замони истиқлол, ҳифзи он аз хатару таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ, роҳҳои таҳкими амнияти фазои расонаӣ ва усулҳои пешгирии таъсири ахбори муғризонаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба афкори ҷавонон, бахусус донишҷӯён ибрози назар кард.
Оид ба «Нақши матбуот дар ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон» доктори илмҳои филология, академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ Саидмуроди Хоҷазод маърӯза карда, афзуд, ки фазои расонаии замони истиқлолро дастовардҳои бунёдии роҳбарияти мамлакат, амсоли бунёди роҳу иншооти таъйиноти гуногун, раванди вусъатноки ободонӣ, ҷараёни бесобиқаи бунёдкорӣ, рушди беназири соҳаҳои иқтисоду иҷтимоъ, мактабу маориф, илму техника, фарҳангу варзиш, ифтитоҳи манзилҳои маскунӣ, боғу гулгашт, марказҳои фароғатӣ ва майдончаҳои варзишӣ мукаммал месозад. Аз раванди бунёди нақбҳо, роҳҳо, корхонаҳои саноатӣ, иншооти гидроэнергетикӣ чун НБО- и “Роғун”, ифтитоҳи рамзҳои давлатдорӣ дар маркази вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва ба ин васила таровати тоза пайдо намудани табиати афсункори Тоҷикистони биҳиштосо ҳамарӯза даҳҳо мақолаҳои гуногунжанр, барномаҳои гуногунмуҳтаво омодаву таҳия ва пахш мегарданд.
Инъикоси холисонаи симои воқеии Тоҷикистони соҳибистиқлол, тарғиби сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазъи иҷтимоии мардуми диёр аз самти муҳимтарини кори матбуот ва расонаҳои замони истиқлол ба шумор меояд.
Хотиррасон менамоем, ки айни замон дар ҷумҳурӣ беш аз 376 рӯзнома, 245 маҷалла, 11 агентии иттилоотӣ, 49 телевизион ва 32 радио фаъолият доранд, ки аксари онҳо ғайридавлатӣ мебошанд. Ин яке аз нишонаҳои асосии давлати демократӣ будани Тоҷикистон буда, аз мавҷуд будани озодии баён дарак медиҳад. Ҳамаи ин расонаҳо новобаста ба шакли моликият дар ҳамбастагӣ барои комилсозии фазои расонаии мамлакат мусоидат менамоянд.








Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид






