Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро бо шукӯҳ таҷлил намуданд

Март 19, 2021 11:49

ДУШАНБЕ, 19.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи фарҳанг дирӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҳамоиши фарҳангӣ бургузор гардид, ки дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода,  Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Хайриддин Усмонзода, директори Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Лутфулло Давлатзода, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон — профессорон Урватулло Тоиров, Мисбоҳиддини Нарзиқул, Бадриддин Мақсудов ва ҳайати устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Муҳриддин Низомӣ иброз дошт, ки «шояд дар олам мисли Наврӯз кам ҷашне вуҷуд дошта бошад, ки русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фарҳангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷикӣ таҷлил намоянд. Наврӯз инчунин аз оғози зуҳураш иди воқеии кишоварзон мебошад, ки нақши он, пеш аз ҳама, дар шудгори замину пошидани донаи умед, шинондани ниҳолу тоза кардани наҳрҳо, кандани ҷӯю обод намудани маҳалли зист, тозаву озода кардани хона ва дигар корҳои хайр таҷассум меёбад. Наврӯз асолатан ибтидои корҳои наҷибу азму иродаи тоза, ҷашни парвариши рӯҳ ва маънавияти солим, пиндору гуфтору кирдори нек аст».

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода зимнан тазаккур дод, ки «Наврӯз ҳамсоли миллати тоҷик аст ва он дар кишвари мо ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва саъю талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардида, шукӯҳу шаҳомати  тоза касб намуд ва дар баробари табдил ёфтан ба ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ мақоми байналмилалӣ пайдо кард. Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо-тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз ба шумор рафта, аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона-дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад».

Ҳамчунин Абдуҷаббор Раҳмонзода таъкид кард, ки посдории расму суннатҳои наврӯзӣ беҳтарин василаест, ки ботини инсонҳо аз бори гарони адовату кина соф мегардад ва онҳоро водор месозад, ки ба адлу инсоф оянд. Ин суннати нек ва фарҳанги воло, ки аз таърихи пурифтихори аҷдоди ориёиямон сарчашма мегирад, асрҳо боз ба миллати мо ва халқҳои дигари Осиёи Марказӣ хизмат мекунад. Оину суннатҳои Наврӯз ба андозае зебову ҷаззоб, саршори ормонҳои наҷиб ва мардумиву заминӣ мебошанд, ки давоми садсолаҳо аз ҷониби бисёр халқу миллатҳои дигар пазируфта шуда, ба рукни фарҳанги онҳо табдил ёфтаанд ва ҳамчун иди миллии бисёр мардумони минтақа ва ҷаҳон ҷашн гирифта мешаванд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Хайриддин Усмонзода иброз дошт, ки «Наврӯз ба унвони ҷашни фарогири миллӣ ва мардумӣ солҳост, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҷлил қарор мегирад ва ба таври шоиста доир кардани маросими ҷашнӣ, махсусан  дар муҳити илмию маданӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ин рӯ, таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон аз авлавияти ихтисосӣ, ҳунарӣ ва маданӣ маҳсуб мешавад».

Сипас  барномаи махсуси фарҳангӣ-фароғатӣ манзури тамошобинон гардонида шуд. Барномаи ихтисосии фарҳангӣ ва эҷодӣ бо прологи «Гулҳои наврӯзӣ», ки донишҷӯёни шуъбаи хореография таҳти роҳбарии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Искандаров иҷро гардид, ифтитоҳ ёфт. Дар прологи наврӯзӣ ҳикмат ва фалсафаи Наврӯз, ки бо шаҳриёри устураии миллӣ — Ҷамшеди Пешдодӣ иртиботи бевосита дорад, бозгӯ шуд.

Дар барномаи идона  аҳли  ҳунар, аз ҷумла иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи сарояндагӣ (халқӣ) Лола Азизова, дотсенти кафедраи сарояндагӣ (халқӣ) Хосияти Зарафшонӣ, муаллимаи кафедраи сарояндагӣ (халқӣ)  Ибодат Раҷабова, роҳбари ансамбли Фалаки донишҷӯён Ҳаким Дамдоров ва дигарон  бо суруду рақс ва таронаҳои наврӯзӣ хотири ширкаткунандагони ин ҷашни бостониро болида гардонданд.

Дар анҷом як гурӯҳ устодони донишкада барои хизматҳои арзанда дар соҳаҳои фарҳангу ҳунар, маорифу илми ватанӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, хештаншиносию худогоҳӣ, баланд бардоштани савияи ғоявию ахлоқӣ ва завқи бадеӣ-эстетикии  донишҷӯёну мутахассисони ҷавон бо нишони сарисинагии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.

Дар қисми дувуми тантанаҳои наврӯзӣ, ки бо ширкати меҳмонони ҷашнвора дар Театри таълимии донишкада бо унвони «Наврӯзномаи Ҳошим Гадо» баргузор гашт, донишҷӯёни шуъбаи режиссураи намоишҳои театронидашуда, филми бадеӣ ва санъати актёрӣ ҳунарнамоӣ карданд.

Дар интиҳои барнома Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бори дигар ҳозиринро бо Иди Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, ба намоиши театронидашудаи «Наврӯзномаи Ҳошим Гадо», ки  басаҳнагузорандааш худи устод Ҳошим Гадо мебошад, баҳои баланд дод.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Март 19, 2021 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид