Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон китобхонаи адабиёти бадеӣ таъсис ёфт

Март 15, 2021 10:02

ДУШАНБЕ, 15.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода китобхонаи адабиёти бадеӣ  мавриди истифода қарор дода шуд. Китобхонаи мазкур  дорои 500 нусха китоб буда, онҳо аз рӯйи номинаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷо ба ҷо гузошта шудаанд. Аз  ин хазинаи маърифат -китобхонаи адабиёти бадеӣ   устодон,  магистрон, докторантон аз рӯйи ихтисос  (PhD), унвонҷӯён ва кормандони донишкада метавонанд ба таври васеъ истифода намоянд.

Тавре аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маросими ифтитоҳи китобхона аҳли илму адаб ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Меҳмонон аз китобхонаи мазкур дидан намуда,  иброз доштанд, ки  тоҷикон аз азал миллати соҳибкитоб буданд.

«Яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани  фарҳанги китобхонӣ, савияи дониш ва ҷаҳонбинии мардум- таъсис  додани китобхонаҳои адабиёти бадеӣ мебошад. Имрӯз китобхонаҳо бояд барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ тарбия намудани аҳли ҷомеа нақши муассир бозанд»,- гуфт ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Муҳриддин Низомӣ.

Март 15, 2021 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид