Дар Душанбе ҷаласаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба «Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо» доир шуд
ДУШАНБЕ, 17.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 март дар шаҳри Душанбе нахустин ҷаласаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба «Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN)» дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори он муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, шарикони рушд ва намояндагони сохторҳои дахлдор иштирок намуданд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода зимни ҷаласа иброз дошт, ки «нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» 25 феврали соли 2021 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Нақшаи мазкур бо таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва принсипҳои роҳбарикунанда, инчунин нишондиҳандаҳои ҳадафноки Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ барои давраи то соли 2025 ва Ҳадафҳои Рушди Устувор мутобиқ карда шудааст».
Зикр шуд, ки ин нақша аз ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва барномаҳои соҳаи тандурустӣ ва ғизо дар Тоҷикистон, аз ҷумла стратегияҳои бахши тандурустӣ, амнияти озуқаворӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, ғизои мактабӣ, Қонун «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда», Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 ва якчанд барномаҳое, ки ҳадаф ва фаъолияташон ба ғизо алоқаманд буда, бо дастгирии шарикон амалӣ мегарданд, асос ёфтааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 ба Ҳаракат оид ба тавсеаи мудохила ба ғизо (SUN) ҳамроҳ гардид ва масъалаҳои ғизо ба вазифаҳои афзалиятнок мубаддал гардидаанд. Нишондиҳандаҳои мақсадноки Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар соҳаи ғизо барои давраи то соли 2025 ва Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҳадафи 2 (тандурустӣ) расман қабул гардиданд.








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






