Дар Душанбе барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон курси бозомӯзӣ оғоз ёфт

Март 1, 2021 11:31

ДУШАНБЕ, 01.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Кохи афсарон»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи «Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – меҳвари фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ» курси бозомӯзӣ оғоз гардид.

Маҳфили илмиро муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  Абдуҷаббор Азизӣ   оғоз намуда, сипас дар мавзӯи «Омилҳои расидан ба ҳадафи олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» дар вилоят, шаҳр ва ноҳия- дастурҳо дар асоси нуктаҳои Паёми Пешвои миллат» маърӯза намуд.

Баъдан маърӯзаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар мавзӯи «Инъикоси масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо  ҷомеа дар Паёми Президенти мамлакат» ва маърӯзаи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ  дар мавзӯи «Рисолати илм ва маориф дар таъмини рушди ҷомеа, давлат ва миллати тоҷик» шунида шуданд.

Дар ҷараёни курси бозомӯзӣ ташкили маърӯза-суҳбат бо иштироки намояндагони Прокуратураи генералӣ, Шӯрои амният, вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ  ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои глобалӣ ва таъмини амнияти устувори миллӣ», инчунин  баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши аҳзоби сиёсӣ дар таҳкими амнияти миллӣ» бо иштироки намояндагони  Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегӣ,  Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муваззаф гардид, ки аз 28 феврал то 6 марти соли 2021 курси бозомӯзиро дар шаҳри Душанбе барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор намояд.

Дар рӯзҳои ояндаи курси бозомӯзӣ, ки як ҳафта давом мекунад, шунидани якчанд маърӯза-суҳбатҳои муфид, гузаронидани мизҳои мудаввар, суҳбату мулоқот бо роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои фраксияи Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон дар назар аст.

Дар бахши фарҳангӣ боздид аз Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ, театри “Аҳорун”, Қасри теннис ва маҷмааи бозиҳои обӣ ва дигар иншооти фарҳангию фароғатӣ, таҷрибаомӯзӣ дар кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар НБО “Роғун”пешбинӣ шудааст.

Натиҷагирӣ аз баргузории ин курси бозомўзии муфид ва саривақтӣ  бо муаррифии рефератҳо аз ҷониби шунавандагон дар рӯзи охир ва супоридани сертификатҳо ҷамъбаст мегардад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Март 1, 2021 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ сохта мешавад
Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд