Дар Душанбе масъалаҳои рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 02.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо муовини якуми Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Маҳмад Мирзо Маҳмадраҳим дар фазои дӯстиву бародарӣ баргузор гардида, дар доираи он густариши ҳамкории тиҷоратии дуҷониба ва бисёрҷониба байни ду кишвар баррасӣ шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов.
Завқӣ Завқизода изҳор намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ муносибатҳои дуҷониба дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла тиҷорат, энергетика, нақлиёт, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг густариш доранд.
Мусоҳибон дар робита ба бештар густариш додани муносибатҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон тазаккур доданд, ки ҳоло ҳам иқтидори мавҷудаи ду кишвар дар самти тиҷорату иқтисод ба таври зарурӣ истифода нашуда, имконияти ба маротиб афзоиш додани гардиши тиҷорати дуҷонибаи молу маҳсулот мавҷуд мебошад.
Дар робита ба ин ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкорӣ якчанд пешниҳодҳо, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои дорусозӣ, маҳсулоти нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси Терминали логистикии байналмилалӣ дар минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» бо ҷалби сармоягузорони афғонистонӣ аз ҷониби Тоҷикистон манзур гардиданд.
Ҷониби Афғонистон низ омодагии хешро ҷиҳати беҳтар тавсеа бахшидани муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Тоҷикистон иброз дошт.









Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд






