Дар Душанбе масъалаҳои тайёр намудани мутахассисони фанни назарияи мусиқӣ баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 13.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мутаассифона, сатҳи дониши хонандагон ва донишҷӯёне, ки назарияи мусиқӣ меомӯзанд, ба талабот ҷавобгӯ нест. Дар ин самт, албатта, мушкилот зиёданд, вале бояд роҳи ҳалро пайдо кард. Мо бояд коре кунем, ки самаранокии омодасозии мутахассисони оянда, ҳамзамон сифати раванди таълим аз рӯйи фанҳои назарияи мусиқӣ баланд бардошта шавад. Ин нуктаро 12 март муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода зимни баргузории ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Роҳҳои навсозии омӯзиши назарияи мусиқӣ», ки дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода баргузор гардид, баён дошт.
Ҳамоиши мазкур бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор гардида, дар он масъалаҳои тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳа ва пайдо кардани тарзу усулҳои нави омӯзиши фанни назарияи мусиқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ зикр намуд, ки “масъалаи омӯзиши фанни назарияи мусиқӣ дар замони муосир, муайян кардани сатҳи дониши назариявии хоандагон ва донишҷӯён оид ба санъати мусиқӣ дар муассисаҳои таълимии фарҳанг ва санъати мамлакат яке аз мавзӯъҳои асосӣ дониста мешавад. Донишкада талош дорад, ки барои ҳалли мушкилиҳои мавҷуда оид ба роҳҳои навсозии омӯзиши назарияи мусиқӣ, инчунин омода намудани мутахассисони ин соҳа ва донишҷӯён барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ пешниҳодҳои нав манзур намояд».
Ба гуфтаи муовини Вазири фарҳанги мамлакат, “бояд ба назар гирифт, ки дар мамлакат муассисаҳои таълимии ба санъати мусиқӣ рабтдошта зиёданд. Аз ин лиҳоз, мо ба кадрҳои баландихтисоси соҳа ниёз дорем. Пӯшида нест, ки дар баъзе ҳолатҳо дар муассисаҳои таълимӣ устодоне, ки аз рӯи ҳамин ихтисос дарс диҳанд, намерасанд. Албатта, ин ба самаранокии раванди таълим таъсири манфӣ мерасонад. Сабабҳои воқеӣ низ ҳастанд- набудани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, барномаҳои таълимӣ аз фанҳои назарияи мусиқӣ, гармония ва таърихи мусиқӣ, ки бояд ҳал шаванд».
Манучеҳр Шарифзода зикр кард, ки Вазорати фарҳанг чопи дастурҳои таълимиро аз рӯи фанҳои назарияи мусиқӣ ба нақша гирифтааст ва барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар интиҳо пешниҳоду дархостҳои иштирокдорон матраҳ гардида, барои дар амал татбиқ намудани онҳо мутахассисони соҳа муваззаф шуданд.








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






