Дар Душанбе Мусобиқаи кушод оид ба таэквондо баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 11.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таэквондо байни наврасону ҷавонон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» доир карда шуд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.
Мусобиқаи мазкур дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и шаҳри Душанбе бо дастгирии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, дар мувофиқа бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи таэквондои (WTF) кишвар роҳандозӣ карда шуд.
Дар маросими ифтитоҳи он муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ, подполковники хизмати дохилӣ Аслиддин Шоҳиён ва сардори Раёсати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Маҳмадализода оид ба сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати кишвар дар самти варзиш ва солимии ҷомеа сухан гуфтанд.
Мусобиқаи таэквондо байни наврасон (аз 10 то 14-сола) ва ҷавонон (аз 14 то 17-сола) мутобиқи қоидаҳои байналмилалии «WTF» (Таэквондои ҷаҳонӣ) ва бо истифода аз системаи доварии электронии Daedo ва KP&P баргузор карда шуд. Муҳорибаҳо аз ду намуд- инфиродӣ (KIRUGI) ва даставӣ дар 5 вазн сурат гирифтанд.
Дар мусобиқа 12 дастаи таэквондочиёни наврасу ҷавон аз шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод бо теъдоди 150 нафар варзишгарон иштирок доштанд.
Аз Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» 25 нафар варзишгар баромад намуда, ба гирифтани 7 медали тилло, 2 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд. Аз ҳисоби даставӣ ҷойи якумро дастаи «Душанбе-1», ҷойи дуюмро дастаи «Динамо» ишғол намуда, ҷойи сеюмро дастаи «Кӯлоб» соҳиб гардиданд.
Ҳамин тариқ, ҷойҳои якумро динамочиёни наврас Абубакр Қодиров дар вазни 33 кило, Анушервон Мусоев дар вазни 37 кило, Аъзам Отабуллоев дар вазни 49 кило, Шералӣ Қарабоев дар вазни 53 кило, Ҷаҳонгир Абдуллоев дар вазни беш аз 53 кило, миёни ҷавонон Суруш Махсумов дар вазни 48 кило ва Муҳаммадсиддиқ Тухтасинов дар вазни 55 кило ишғол намуданд. Ҷойҳои дуюмро Комила Муъминова дар вазни 63 кило дар байни ҷавондухтарон ва Зикрулло Саъдуллоев дар вазни 63 кило миёни ҷавонон соҳиб гардиданд.
Ғолибони даставии мусобиқа бо Ҷом ва дипломҳо мукофотонида шуда, ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо медал, ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин беҳтарин варзишгар, беҳтарин мураббӣ, беҳтарин довар, беҳтарин ташкилкунанда ва «иродаи пирӯзӣ» бо ҷоизаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.








Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд






