Дар Душанбе Нуҳумин конфронси вазирони кишварҳои «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Нуҳумин конфронси вазирони кишварҳои «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар нишасти мазкур вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Раванд дар шакли ҳузурӣ ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии мададрасон дар шакли маҷозӣ ширкат карданд.
Иштироккунандагони Конфронс таъкид карданд, ки муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва шарокат байни кишварҳои минтақа имкон медиҳад, ки масъалаҳои мубрами минтақавӣ ҳаллу фасл ва ҳамкории муштараки кишварҳо бо Афғонистон мавриди иҷро қарор гиранд. Онҳо изҳор доштанд, ки муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир самти муҳими ҳамкорӣ байни кишварҳо мебошад.
Кишварҳои ширкаткунандаи «Қалби Осиё-Раванди Истанбул», кишварҳои мададрасон ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистонро дар таъмини амният ва сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ карданд. Дар ин робита, аз Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати Толибон даъват карданд, ки барои барқарорсозии сулҳу оромӣ дар кишвари азияткашида заминаи устувор гузоранд.
Кишварҳои ширкаткунанда нақши калидии Афғонистонро дар таъмини амният дар тамоми минтақа таъкид карда, аз ташаббусҳои созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва барқарорсозии иқтисодиву иҷтимоии он пуштибонӣ намуданд.
Дар хотима вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» Эъломияи Душанберо қабул карданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд






