Дар Душанбе роҷеъ ба ислоҳоти низоми рушди СММ муколама доир гардид

Март 12, 2021 13:30

ДУШАНБЕ, 12.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 11 март дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон миёни вазорату идораҳои давлатӣ ва дастаи кишварии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) муколамаи фарогир роҷеъ ба ислоҳоти низоми рушди Созмон, ки аз ҷониби Дабири кулли он Антониу Гутерреш роҳандозӣ гардидааст, сурат гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар кори Муколамаи фарогир кормандони аршади Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва коршиносони онҳо, роҳбарони муассисаҳои тахассусии СММ, аъзои тими кишварии он ва кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Вазорати корҳои хориҷӣ иштирок намуданд.

Муколама бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огаҳии намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ аз ислоҳоти СММ ва ҳадафу вазифаҳои он, инчунин роҳандозии ҳамкорӣ ва шарокати самараноктар миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмон ҷиҳати таҳияи барномаи марбутаи ҳамкорӣ зери унвони «Чаҳорчӯби ҳамкорӣ дар рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид» (United Nations Sustainable Development Cooperation Framework -UNSDCF), ки татбиқи он 1 январи соли 2023 оғоз мегардад, ташкил шудааст.

Ҳамоишро аз ҷониби Тоҷикистон муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ва аз тарафи СММ –  Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сезин Синаноғлу ифтитоҳ намуданд. Муовини вазир дар суханронии худ роҷеъ ба марҳилаҳои ҳамкории Тоҷикистону СММ дар соҳаҳои гуногун ва мавқеи кишвари мо нисбат ба ислоҳоти низоми рушди Созмон изҳори назар намуд. Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки таҳкиму густариши ҳамкорӣ бо СММ ва ниҳодҳои тахассусии он аз авлавияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон дар сухани ифтитоҳии худ гуфт: «Дар ҷаҳони хеле пароканда ислоҳоти СММ ба мо кумак мекунад, ки аҳамияти ҳамкории бисёрҷонибаро барои сулҳ, амният ва рушд бори дигар таъйид намоем. Барои муваффақ шудан дар ҳама соҳаҳои кор ба мо ҳамкориву шарокати фаъолу пайваста, созанда ва саривақтӣ дар ҳама сатҳҳои ҳукумат лозим аст. СММ танҳо дар сурате метавонад дар кори худ ё ислоҳот комёб шавад, ки агар мо ҳамкорӣ кунем».

Сипас коршиносони тими кишварии СММ дар Тоҷикистон ба ширкаткунандагон роҷеъ ба ҷанбаҳои асосии ислоҳоти Дабири кулли СММ, ки дар муқоиса ба равандҳои ҳамсони қаблӣ аз сатҳи баланди тарзи идора ва дастгирии якдилонаи кишварҳои узви СММ бархӯрдор мебошад, маърӯзаву рӯнамоиҳо ироа карда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои мушаххас доданд.

Шоёни зикр аст, ки ислоҳоти мавриди назар дар самтҳои рушд, мудирият ва сулҳу амният ба ҳадафу вазифаҳои қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ зери унвони «Бознигарии фарогири чаҳорсолаи низоми амалии СММ аз соли 2016 (QCPR- 2016)» посухгӯ буда, мабнӣ ба қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ 72/279 дар соли 2018 роҳандозӣ хоҳад шуд.

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Март 12, 2021 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Директори генералии Вазорати федералии иқтисод ва энергетикаи Олмон мулоқот намуд
Дар Москва дар мавзуи саҳми Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули соҳаи тиб конфронси байналмилалии илмӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт таҳкими ҳамкориро дар арсаи рушд баррасӣ намуданд
Дар Душанбе таҳти унвони «Тоҷикистон ва 35 соли соҳибистиқлолӣ: таҷрибаи сулҳофарӣ, сиёсати бисёрсамта ва рушди устувор» конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе таҷрибаи 35-солаи сулҳофарӣ ва сиёсати бисёрсамтаи Тоҷикистон баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо Мудири омили Ширкати ҳавопаймоии «Jazeera Airways» мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
«Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон барои солҳои 2027–2028» ба имзо расид
Президенти Туркманистон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Теҳрон табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаи тибби Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо раиси Гурӯҳи хадамоти ҳавопаймоии «Скай» мулоқот намуд
Дар Душанбе аҳаммияти ҳамкории байналмилалӣ барои таъмини рушди устувор баррасӣ гардид