Дар Россия ба хотири қонунигардонии ҳуҷҷатҳои буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ силсилавохӯриҳо идома доранд

Март 21, 2021 11:00

ДУШАНБЕ, 21.03.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Масъулини Намояндагии  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо мақсади тақвият бахшидани корҳои иттилоотӣ ҷиҳати пешниҳоди тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ оид ба раванди қонунигардонии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ғайрирасмӣ,  яъне бе ҳуҷҷатҳои қонунии буду бош  дар қаламрави Федератсияи Россия  қарор доранд,  силсилаи вохӯриву суҳбатҳоро ба роҳ мондаанд.

Тавре хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия Садбарги БОҚӢ иттилоъ медиҳад,   кормандони масъули намояндагӣ дар Федератсияи Россия  дар қаҳвахонаи миллии соҳибкори тоҷик  Раҳмиддин Муҳиддинов, ки  дар ноҳияи Павла Слобадаи вилояти Москва воқеъ гардидааст ва  қаҳвахонаи  соҳибкори дигари тоҷик Абдулло Акрамов, ки дар  ноҳияи Истраи ҳамин вилоят қарор дорад, бо иштироки садҳо нафар муҳоҷири меҳнатӣ ва роҳбарони бригадаҳои сохтмонии муҳоҷирон вохӯриҳои судманд  анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбатҳои рӯ ба рӯ кормандони масъули Намояндагии  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия  аз ҳамватанон  даъват ба амал оварданд, ки аз ин фурсати муносиб истифода бурда, ба шуъбаҳои кор бо муҳоҷирати ноҳияҳои Вазорати корҳои дохилии Федератисияи Россия муроҷиат намоянд ва нусхаи корти муҳоҷиратӣ гирифта,  худро аз сари нав ба қайди муҳоҷиратӣ монанд. Дар ин баробар  иҷозатномаи корӣ барои фаъолияти меҳнатӣ, яъне   патент дастрас намоянд. Агар ин амал  барои буду боши қонунӣ аз ҷониби шаҳрвандон иҷро нагардад, пас  аз моҳи июни имсол бо ҷурми ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба таври автоматӣ вуруди чунин муҳоҷирон ба қаламрави Федератсияи Россия манъ мегардад.

Ҳамзамон дар Маркази тиҷоратии “Теплый-стан”- и  шаҳри Москва бо ҳузури бештар аз 50 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ чунин  мулоқот    баргузор гардида, ба ҳозирин раванди азнавбақайдгирӣ фаҳмонида шуд. Силсилавохӯриҳо дар ин самт аз ҷониби кормандони масъули Намояндагии  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар гӯшаву канори ин давлат идома доранд.

Март 21, 2021 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд