Дар Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён як қатор иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд

Март 21, 2021 12:23

ДУШАНБЕ, 21.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор тантанаҳои Наврӯзӣ бо ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашние, ки ба ифтихори ҷашни бузурги 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтаанд,  оғоз гардид. Дар ифтитоҳи иншооти мазкур  муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода, вакилони Маҷлиси намояндагон Сурайё Дӯстмуродзода ва Ранохон Бобоҷониён иштирок доштанд. Муовини Сарвазири мамлакат дар деҳаҳои Шӯроби Ҷамоати деҳоти Сомон толори варзишӣ, Лолагии Ҷамоати деҳоти Навобод маркази савдо ва хизматрасонӣ, мағоза ва толори варзишӣ, корхонаи ҳунарҳои мардумии табақтарошӣ ва гавҳораю сандуқсозӣ, Хоҷаилдиёри Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо ошхонаи миллӣ, дар кӯчаи Исмоили Сомонии Ҷамоати шаҳраки Ҳисор клиникаи хусусии «Наҷотбахш» ва дар кӯчаи Дӯстии Ҷамоати шаҳраки Шарора маркази савдою хизматрасонии «Кӯли Сўфиён», маркази савдо ва сехи дӯзандагиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилон ва раиси шаҳр иштирокчиёни чорабинӣ, дар симои онҳо тамоми сокинони шаҳри Ҳисорро ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда,  иқдоми соҳибкоронро дастгирӣ аз сёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод карданд.

Инчунин, дар Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо тибқи расму оин тўйи хатнасури 15 кӯдак аз оилаҳои камбизоат гузаронида шуд. Дар чорабиниҳои идона ба соҳибкорон Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тақдим гардид. Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот беш аз 100 иншоот ба истифода дода хоҳанд шуд.


Март 21, 2021 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!