Дар Кӯлоб ба шарафи ҷашни Наврӯз озмунҳои маҳаллаи беҳтарин, хонаи беҳтарин, кӯчаи беҳтарин гузаронида мешаванд

Март 10, 2021 09:51

КӮЛОБ, 10.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб баҳри сазовор пешвоз гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо, ташкилоту муассисаҳо ва дигар ташкилоти соҳавӣ  корҳои омодагӣ ҷараён дошта, баҳри ҳавасмандгардонии шаҳрвандон  озмунҳои маҳаллаи беҳтарин, хонаи беҳтарин, кӯчаи беҳтарин  гузаронида мешаванд.

Ба иттилои мудири  шуъбаи  рушди иҷтимоӣ ва  робита бо ҷомеаи  дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Орзуи Ҷурахон, баъди аз ҷониби комиссияи махсус оид ба тозагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз назар гузаронидани кӯчаю маҳаллаҳо  ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд.

Имрӯзҳо сокинони шаҳр бо ҷидду ҷаҳд ба ниҳолшинонӣ, тозакунӣ ва ободу зебо гардондани маҳаллаҳо шурӯъ намудаанд.

Ҳамзамон дар рӯзҳои таҷлили иди Наврӯз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва  хӯрокҳои миллӣ, аз қабили суманак, чанголӣ, оши бурида, қурутоб, фатирмаска, пухтани нонҳои гуногун ва дигар хӯрокҳои миллӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар рӯзҳои ҷашнӣ бозиҳои варзишӣ низ гузаронида шуда, паҳлавонон дар майдонҳо қувваозмоӣ менамоянд.

Мардуми куҳандиёр ҳамеша фасли баҳорро интизорӣ мекашанд, чунки  Наврӯз иди аҷдодии мо ба шумор меравад. Ҳар сол тоҷикон  ин ҷашнро  бо хушнудию фараҳмандӣ истиқбол гирифта, беҳтарин расму суннати онро иҷро ва барои ояндагон ба мерос мегузоранд.

Март 10, 2021 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст