Дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳамоиш доир шуд

Март 15, 2021 10:23

ДУШАНБЕ, 15.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 13 март бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ки ҳамасола 15 март таҷлил мешавад, дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, таъмини бехатарии озуқаворӣ ва баланд бардоштани маданияти истеъмолии шаҳрвандон суҳбати «мизи мудаввар» доир шуд.

Тавре аз Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Ҳабибулло Қаландарзода  доир ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар мамлакат зикр намуд, ки  аз ҷониби Кумита бо мақсади огаҳӣ пайдо кардани ҷомеаи шаҳрвандӣ  ва баланд бардоштани маданияти истеъмолии онҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шиору овезаҳо ва китобчаҳои тарғиботию ташвиқотӣ омода намуда, пешниҳоди аҳолӣ гардонида мешаванд.

Ҳабибулло Қаландарзода иброз намуд, ки нақши асосии Кумита- ин таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, пешгирии ба муомилот баровардани маҳсулоти пастсифат ва татбиқи чорабиниҳои пешгирикунандаи бемориҳои сироятии ҳайвонот ва организмҳои зараррасонии карантинии растанӣ мебошад ва мақомоти ҳудудии Кумита дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ин сиёсатро амалӣ менамоянд.

Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои ҳуқуқи истеъмолкунандагон имрӯз дар тамоми бозорҳои истеъмолӣ ва нуқтаҳои бузурги фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ 65 адад озмоишгоҳҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ, Маркази миллӣ ва 22 адад марказҳои ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият мебаранд. Ҳамзамон бо мақсади таъмини бехатарии онҳо ҳамарӯза тамоми маҳсулоти озуқаворие, ки ба бозорҳои истеъмолӣ ворид мегарданд, санҷиш ва назорат бурда мешавад.

Ҳамчунин дар ҷамъомад вобаста ба таъмини маҳcулоти озуқаворию таъмини бехатарии онҳо ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон сардорони Раёсату шуъба ва намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, намояндаи Агентии «Тоҷикстандарт» сухан гуфта, пешниҳод намуданд, ки миёни сохторҳои соҳавӣ дар самти расидан ба амнияти озуқаворӣ ва бехатарии он, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, беҳтар мешуд, ки ҳамоҳангии ягона ташкил карда шавад.

Март 15, 2021 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад