Дар мақомоти гумрук нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро тавзеҳ доданд
ДУШАНБЕ, 19.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, ифодакунандаи нуқтаи назари Сарвари давлат ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад. Чунин гуфт сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук Абдумумин Муродиён дар ҷаласае, ки дар Хадамоти гумрук доир ба тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Парлумони мамлакат доир гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, дар ҷаласа, ки устодони Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук иштирок доштанд, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қурбон Қурбонов доир ба буҷети давлатӣ, низоми бонкӣ, сармоягузории мустақим, саноат, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ ва соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ, ки дар Паёми Президенти кишвар таъкид гардидаанд, маълумоти муфассал дода, соҳаи ҳуқуқиро чун самти муҳим ва калидии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намуд.
Зикр шуд, ки новобаста аз буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, ки бар асари бемории COVID-19 кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифта, дар равобити иқтисодии байни кишварҳо монеаҳо эҷод намуд, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди иқтисоди мамлакат устувор нигоҳ дошта шуд.
Дар ҷаласа устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба барномаҳои давлатӣ, ки дар самтҳои гуногун қабул гардидаанд, афзалиятнокии онҳо, инчунин озмунҳое, ки бо мақсади беҳтар кардани сифати таълим ва бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон гузаронида мешаванд, ба мисли озмунҳои «Тоҷикистон- Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» ёдовар шуда, саҳми хизмачиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар мавриди амал қарор гирифтани ин тадбирҳо муҳим арзёбӣ намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт






