Дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон дар ду моҳи соли равон ба маблағи беш аз 30 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст

Март 27, 2021 11:38

ДУШАНБЕ, 27.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон дар зарфи ду моҳи соли равон ба маблағи беш аз 34,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.

Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат, дар панҷ минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон 60 корхонаю  ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки айни замон   22 субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ба таври густурда фаъолият намуда, маҳсулот истеҳсол менамоянд. Аз ҷумла, 11 корхона дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», 9 корхона дар Минтақаи озоди «Данғара» ва ду корхона дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» маҳсулот истеҳсол мекунанд.

Дар ин давра субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба маблағи беш аз 30 миллион сомонӣ ва корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар ҳаҷми 4,7 миллион сомонӣ маҳсулот  истеҳсол намудаанд.

Март 27, 2021 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад