Дар МОИ Тоҷикистон ба маблағи қариб 200 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст

Март 2, 2021 11:34

ДУШАНБЕ, 02.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон дар зарфи соли сипаригардида 1100 ҷойи корӣ таъсис дода шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар ин давра дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар  ба маблағи  қариб 200 миллион сомонӣ  маҳсулот истеҳсол гардид.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки  ҳоло дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон  72 ширкати ватанию  хориҷӣ ҳамчун субъект  ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин омор 30 субъект ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», 25 субъект ба Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», 11 субъект ба Минтақаи озоди иқтисодии  «Панҷ», 5 субъект ба Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ва 1 субъект ба Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» рост меояд. Аз теъдоди умумии  субъектҳои  бақайдгирифташуда 25 субъект  фаъолияти истеҳсолӣ  ва содиротию воридотӣ ба роҳ мондаанд. Дигар субъектҳо ба корҳои сохтмонӣ  ва ворид намудани таҷҳизоти истеҳсолӣ машғуланд.

Гуфта мешавад, ки ҳаҷми сармоягузорӣ  дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар  соли гузашта ба зиёда аз 43 миллион  сомонӣ  баробар гардид, ки аз ин омор 24,3 миллион  сомонӣ ба Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», 16,9 миллион сомонӣ ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»  ва 2,1 миллион сомонӣ ба Минтақаи озоди иқтисодии   «Панҷ» рост меояд.

ДАР АКС: Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара». Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Март 2, 2021 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд