Дар муассисаҳои иҷтимоии Суғд ҷашни Наврӯзро бо барномаҳои фарҳангӣ таҷлил мекунанд
ХУҶАНД, 19.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар тамоми муассисаҳои иҷтимоии вилояти Суғд барои таҷлили Наврӯз барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ташкил карда мешаванд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд, дар Суғд 22 муассисаи иҷтимоӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо тақрибан 1860 нафар ятимон, маъюбон ва пиронсолон зиндагӣ мекунанд.
Аз ҷумла, дар Муассисаи махсуси кӯдакони босираашон суст ва нобино дар Хуҷанд, Маркази минтақавии хидматрасонии иҷтимоӣ ба пирон ва маъюбон дар Хуҷанд, Хонаи кӯдакони шаҳри Исфара, Хонаи кӯдакони байниноҳиявӣ дар Истаравшан, Мактаб-интернат барои ятимон, кӯдакони бепарастор ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоати Истаравшан, хонаи пиронсолон ва маъюбон дар Панҷакент ва дигар муассисаҳо барномаҳои идона баргузор мешаванд.
Дар ин рӯз барои бошандагони ин муассисаҳо дастархони идона ороста шуда, барномаҳои рангини фарҳангӣ пешкаш карда мешаванд.Ҳамзамон дар барномаҳои идона намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ширкат меварзанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






