Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон комплекси агросаноатӣ ба фаъолият оғоз намуд

Март 9, 2021 10:40

ДУШАНБЕ, 09.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон комплекси агросаноатӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки он аз сардхона, хушккунии мева ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ иборат мебошад. Комплекси агросаноатӣ ба беҳтар намудани шароити зиндагӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, тавсеаи шуғли аҳолӣ ва рушди савдои наздисарҳадӣ, ҳадафҳои муайяншудаи санадҳои стратегии кишвар ва Ҳадафҳои рушди устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи комплеки агросаноатӣ муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Абдураҳмон Абдураҳмонзода, намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Тоҷикистон хонум Пратибха Меҳта сухан гуфтанд.

Зикр шуд, ки комплеки мазкур дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории самаранок бо шарикони рушд ва дар асоси Амри Президенти мамлакат аз 22 майи соли 2018 оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода  шуд.

Дар доираи ифтитоҳи комплекси агросаноатӣ, инчунин дар маркази маъмурии  вилояти Хатлон- шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид, ки иштирокдорони он доир ба татбиқи бомароми «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва самтҳои асосии татбиқи он ибрози назар карданд.

Март 9, 2021 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд