Дар ноҳияи Шаҳристон корҳои соҳилбандиву мустаҳкамкунӣ ва барқарорсозӣ ҷараён доранд

Март 19, 2021 09:06

ДУШАНБЕ, 19.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, шуъба ва бахшҳои Раёсати Кумитаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулода, таъмини бехатарии аҳолӣ дар минтақаҳои хавфнок тадбирҳои саривақтӣ андешида, корҳои соҳилбандиву мустаҳкамкунӣ ва барқарорсозиро идома медиҳанд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар ноҳияи Шаҳристон бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳия дар ҳамкорӣ бо Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии Зарринрӯди минтақавии ноҳия корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ роҳандозӣ намудаанд. Ҳашари дастаҷамъона дар Қармасойи деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Шаҳристон бо ҷалби сокинони маҳал ва бо истифодаи 2 адад техникаҳои муҳандисии Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия гузаронида шуд.

Ноҳияи Шаҳристон низ дар миқёси кишвар аз ҷиҳати таҳдиду хавфи офатҳои табиӣ яке аз минтақаҳои осебпазир ба шумор меравад. Ҳамасола аз ҳисоби бориши пай дар пайи барфу борон омадани сел ба қайд гирифта мешавад.

Барои коҳиши хавфи офатҳои табиӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Шаҳристон, шуъбаи Раёсат дар ноҳия, идораву ташкилот ва сокинони маҳал чораҳои пешгирикунанда ба роҳ монда шуда, Ситоди ноҳиявии доимоамалкунанда таъсис дода шудааст.

Аз ҷониби аъзои ситод амалҳои пешгирикунанда, ба монанди соҳилбандӣ, тоза кардани селроҳаҳо аз партову сангу шағал, ташкили ҳашарҳои дастаҷамъона бо ҷалби аҳолӣ, шинондани дарахтон дар шафати селроҳаҳо ва корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ миёни сокинони ноҳия  гузаронида мешаванд.

Март 19, 2021 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст