ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Маликшо Неъматзода бо кормандони «Ширкати алюминийи тоҷик» мулоқот намуд

Март 4, 2021 11:38

ДУШАНБЕ, 04.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 3 март Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар доираи нақшаи корӣ бо аҳли меҳнати корхонаи азими мамлакат — Ҷамъияи саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи тоҷик» мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот ҳамчунин роҳбарони ташкилоти ибтидоии иттифоқҳои касабаи шаҳри Турсунзода ширкат варзиданд.

Тавре аз Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, роҳбари Федератсия ба ҳозирин оид ба ҳуҷҷати барномавии сиёсию иқтисодии бағоят муҳим — Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ронда, рукнҳои муҳими онро шарҳу эзоҳ дод.

Мавсуф иброз дошт, ки ҳоло тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ барои сазовор истиқбол намудани 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ омодагӣ мебинанд. Пешвои миллат зимни ироаи Паём изҳор намуданд, ки соли 2020 дар саросари ҷумҳурӣ 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлол ба нақша гирифташуда бунёд шуданд, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш буда, бо ҳамин роҳ даҳҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда шуданд.

Аҳли меҳнати корхона тасмим гирифт, ки дар баробари тамоми мардуми шарифи мамлакат Паёми навбатии Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ намуда, барои муваффақона амалӣ гаштани он ҷаҳду талош намоянд.

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода Раиси Федератсия ҳамчунин бо сокинон ва роҳбарони ташкилоти ибтидоӣ вохӯрӣ намуда, бо фаъолияти ташкилоти ибтидоии иттифоқҳои касаба шинос шуд. Ҳамзамон ба онҳо баҳри амалӣ намудани назорати ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии кормандон ва густариши шарикии иҷтимоӣ дастурҳои судманд дод.

Дар ҷараёни вохӯриҳо Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ширкат намуда, сухан гуфт.

Март 4, 2021 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия