Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ба мактаб-интернати шаҳри Кӯлоб кумак расонида шуд

Март 23, 2021 09:19

ДУШАНБЕ, 23.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз бо пайгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Наргис Қурбонзода ва бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гулрухсор Шарифзода ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ятимону бепарасторон дар шаҳри Кӯлоб 10 халта орд ва равған кумак расонида шуд. Дар ин бора аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб хабар доданд. 

Гулрухсор Шарифзода зикр намуд, ки аёдати шахсони яккаву танҳо, табақаи ниёзманди ҷомеа ва пайваста ғамхорӣ намудан нисбат ба ятимону бепарасторон аз фазилатҳои неки инсонӣ мебошанд. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои хайрхоҳонаи Пешвои миллат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва вакилони он чунин корҳои хайру савобро мунтазам роҳандозӣ намуда, дар доираи имконият ба ин қишри ҷомеа дасти кумак дароз мекунанд.

Роҳбарияти ин боргоҳи таълимӣ ва таҳсилкунандагони он барои чунин иқдоми хайрхоҳона изҳори миннатдорӣ намуданд.

Март 23, 2021 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст