Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз атрофи ёдгории бостонии дайри буддоии Аҷинатеппа тоза карда шуд
ДУШАНБЕ, 22.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Наврӯзи дилафрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади тозаю озода намудани атрофи иншооти таърихӣ, аз ҷумла, ёдгории бостонии дайри буддоии Аҷинатеппа бо иштироки донишҷӯёни бахши сайёҳии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳашар баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Тозаю озода намудани муҳити атроф яке аз оинҳои ҷашни бостонии Наврӯз буда, ҳадафи аслӣ ба роҳ мондани корҳои ободонӣ дар доираи нақшаи ҳашарҳои ҷумҳуриявӣ ба пешвози ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сазовар таҷлил намудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
Чанде пеш дар мулоқоти роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар баробари дигар масъалаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан ба вазъи тозагии мавзеъҳои таърихӣ ва фароҳам овардани шароити хизматрасонӣ, аз қабили мағозаҳои хурди фурӯши армуғонҳо, гулдӯзиву сӯзаниҳо дар атрофи иншооти таърихӣ ва бештару беҳтар тарғиб намудани имконияти сайёҳии вилоят мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифта буд.
Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ ба хотири сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбири мазкур мунтазам роҳандозӣ гардида, дар ин ҷараён корҳои ободонӣ, созандагӣ ва тоза намудани мавзеъҳои сайёҳгузар ба роҳ монда мешавад.








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






