Дар Рӯзи Модар Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
ДУШАНБЕ, 07.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Аз рӯйи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии мамлакат, дар Рӯзи Модар Тоҷикистонро ҳавои бебориш интизор аст.
7 март ҳаво дар шаҳри Душанбе қисман абрнок шуда, борон меборад. 8 март ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар ин рӯз ҳаво шабона 3+5 ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 7 март ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои ғарбии вилоят боридани борон ва барф дар назар аст. 8 март ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 18-23 то 26-31 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1-6 то 7-12 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд 7 март тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат меборад. Боридани жола аз эҳтимол дур нест.
8 март ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Xатлон 7 март ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳо бориши борон бошиддат шуда, ба амал омадани жола аз эҳтимол дур нест. 8 март дар ин вилоят ҳаво камабри бебориш мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
7 март дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад. 8 март ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.








Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






