Дар Сангвор ба ҷавонон нуктаҳои асосӣ ва вазифагузориҳои Паёми Пешвои миллат шарҳ дода шуданд
ДУШАНБЕ, 04.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Паём чун ҳуҷҷати роҳнамо тамоми рукнҳои асосии фаъолияти ҷамъиятиро дар бар гирифта, вазифаҳо ва амалҳои барои рушди мамлакат равонаро пурра мураттаб месозад. Ин ҳуҷҷати таърихӣ мазмунан ба худ ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ касб намуда, бори дигар собит намуд, ки дар ҳама бахшҳои мухталифи мамлакат нишондиҳандаҳои рушд дақиқан ва мазмунан шарҳ дода шудаанд. Чунин пешравиҳо аз рушди босуботи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятии ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳанд.
Ин нуктаро муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода дар Қасри фарҳанги ноҳияи Сангвор зимни мулоқот бо ҷавонони касбу кори гуногун вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошт. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд.
Ризо Назарзода изҳор намуд, ки “шахсони барҷастаи таърихӣ бо зиндагӣ ва амали неки худ дар сарнавишти ҳар халқу кишвар нақши равшан гузошта, гузаштаи пурғановати халқу миллати худро барои ҷаҳониён муаррифӣ ва роҳи имрӯзу фардоро чун машъали фурӯзон нурфишонӣ мекунанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун чеҳраи барҷаста ва маъруфи сиёсии арсаи байналмилалӣ дорои мақоми хосса мебошанд. Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мустаҳкам шудани истиқлол, давлатдории тоҷикон ва рушду нумӯъ ёфтани тамоми бахшҳои ҷомеаи кишвар, аз ҷумла соҳаи маориф ва сиёсати давлатии ҷавонон хеле бузург аст”.
Дар мулоқот дар масъалаи ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ зикр гардид, ки барои насли ҷавон муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат мебошад. Ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватанро ёд мегиранд. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ бояд қарзи виҷдон ва ҳаққи фарзандии ҳар ҷавони далер бошад.








Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






