Дар шаҳри Бохтар лоиҳаи сохтмони мактаби русизабонро баррасӣ намуданд
БОХТАР, 12.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 10 март раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода ва роҳбари гурӯҳи корӣ аз Федератсияи Россия И.Горбенко татбиқи ҳолати созишнома дар бораи иҷрои корҳои лоиҳавӣ-бунёдии мактаби русизабонро баррасӣ намуданд, хабар доданд аз шуъбаи иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар.
Сиҷоуддин Саломзода ва И. Горбенко бо қитъаи замине, ки дар маҳаллаи Ваҳдат барои сохтмони мактаби миёнаи русӣ ҷудо карда шудааст, шинос шуданд.
Зикр гардид, ки муассисаи таълимӣ, ки дар он шароити мусоид барои таҳсил фароҳам оварда мешавад, барои 1200 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Таълим тибқи меъёрҳои таълимии Россия амалӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Россия Владимир Путин моҳи феврали соли равон қонун дар бораи тасвиби созишномаи Россия ва Тоҷикистон дар бораи сохтмон ва таҷҳизонидани панҷ мактабро бо омӯзиш ба забони русӣ ба имзо расонид. Ҳуҷҷат марҳила ба марҳила сохтани муассисаҳои таълимиро дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода дар қитъаҳои замини барои сохтмон ҷудонамудаи Тоҷикистон пешбинӣ менамояд.








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






