Дар шаҳри Хуҷанд амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд

Март 13, 2021 09:20

ДУШАНБЕ, 13.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд ва ҷалби нозирони бахши экологияи милитсия дар шаҳри Хучанд  аксия-амалиёти мақсаднок таҳти унвони «Ҳавои тоза» баргузор гардид. Дар  амалиёти мазкур зиёда аз 40 адад мошинҳо нигоҳ дошта шуда, бо истифода аз дастгоҳҳои махсус аз муоинаи экологӣ гузаронида шуданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд.

Иқдоми мазкур бо мақсади кам кардани таъсири зарароварии ихроҷи газҳои нақлиёти автомобилӣ ва дигар намуди сӯзишворӣ ба муҳити атроф роҳандозӣ карда шудааст.

Дар ҷараёни амалиёти «Ҳавои тоза» ба вайронкунандагони қонун ҷиҳати бартараф намудани он дастурҳо дода шуда, нисбат ба якчанд нафар санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.

Ташкили чунин чорабиниҳо ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки аз ҳавои софу беғубор ва тозаи муҳити атроф нафас гиранд.

Март 13, 2021 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд