Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор шуд

Март 16, 2021 14:25

ДУШАНБЕ, 16.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. То 13 марти соли равон дар шаҳри Кӯлоб 528 адад иншооти гуногун мавриди истифода қарор дода шудаанд. Ин матлаб  зимни баргузории ҷаласаи  гурӯҳи корӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти раёсати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон баён гардид.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷаласа раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, раисони ҷамоатҳои деҳот ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода аз шахсони масъул даъват кард, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншоотеро, ки сохтмонашон нотамом аст, мавриди истифода қарор диҳанд.

Ҳамчунин ба раисони ҷамоатҳои деҳот  ва  ҳар масъулини ташкилоту муассиса, корхона, маҳалла дастур дода шуд, ки барои тозаву озода намудани назди биноҳои истиқоматӣ камари ҳиммат банданд.

Март 16, 2021 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид