Дар Шаҳринав лоиҳаи нави меъморӣ — «I love Shahrinav» амалӣ гардид
ДУШАНБЕ, 09.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба пешвози ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Шаҳринав обидаи нави меъморӣ бо номи «I love Shahrinav» («Ман Шаҳринавро дӯст медорам») насб карда шуд. Лоиҳаи нави меъморӣ дар ҳалқагардиши сари пули Қаратоғ, воқеъ дар шоҳроҳи Душанбе — Турсунзода амалӣ гардид.
Обидаи «I love Shahrinav» иқдоми навбатии раиси ноҳия буда, ҳамчун рамзи изҳори муҳаббат ба Шаҳринав насб гардидааст. Корҳо дар самти эҷоди он чанд моҳ пеш бо дастури раиси ноҳия оғоз гардида буданд.
Мавриди зикр аст, ки дар назди ин обида корҳои сохтмонӣ, аз қабили насби лӯлаҳои обгузар барои пошидани об ба гулу буттаҳои ороишӣ, ки дар назди ин лоиҳаи нави меъморӣ шинонида мешаванд, бо маром идома доранд.
Акнун бо дидани ҳарфҳои барҷаста ва хондани ин навишта, бешак дар вуҷуди ҳар сокини ноҳияи Шаҳринав эҳсосе пайдо мешавад, ки диёри хешро бояд дӯст дошт. Лоиҳаи мазкур дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар бештари шаҳру ноҳияҳо амалӣ шуд, ки ин даъватест барои дӯст доштани ҳар зарра хоки поки Ватан.
Умед аст, ки бо гузоштани ин обидаи пур аз меҳр ин гӯшаи ноҳия ободу зебо гардида, макони истироҳати сокинон хоҳад шуд.








Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид






