Дар шоҳроҳи Хуҷанд-Ашт амалиёти «Тозагии роҳ» гузаронида шуд
ХУҶАНД, 12.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологӣ, тозаву обод намудани муҳити атроф ва инчунин сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд амалиёти «Тозагии роҳ» ҷараён дорад.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Шарифзода бо истинод ба маълумоти масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, амалиёти мазкур дар шоҳроҳи Хуҷанд – Ашт, дар қисмати роҳи воқеъ дар ноҳияи Ашт гузаронида шуда, дар он намояндагони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия, кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи Н. Ҳувайдуллоев, Муассисаи давлатии назорати роҳи мошингарди ноҳия ва дар маҷмӯъ беш аз сад нафар иштирок намуданд.
Дар натиҷа давоми 3 рӯзи баргузории ин амалиёт қариб 90 километри ду тарафи шоҳроҳ тоза гардида, зиёда аз 15 метри мукааб партовҳо бароварда шуданд.
Амалиёти мазкур бо ибтикори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти иҷроия гузаронида шуда, ҳадафи асосии он вусъат бахшидан ба корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар кӯчаву маҳалҳои аҳолинишин, қад-қади роҳҳои мошингард, мавзеъҳои партовпартоӣ ва назди ҷӯйбору соҳили дарёҳо мебошад.
Зикр гардид, ки дар дигар минтақаҳои вилоят низ дар доираи амалиёти «Тозагии роҳ» ҳашарҳои дастаҷамъонаи ободонӣ баҳри тозаву озода намудани муҳити атроф гузаронида мешаванд.








Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад






