Дар Шри-Ланка пӯшидани фаранҷиро манъ мекунанд ва зиёда аз ҳазор мактаби исломиро мебанданд
ДУШАНБЕ, 15.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукуматдорони Шри-Ланка ният доранд, ки пӯшидани фаранҷӣ (либоси болоии занона, ки рӯйро пурра мепӯшонад) манъ карда, беш аз ҳазор мактаби исломиро банданд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Euronews хабар медиҳад.
Санади дахлдорро, ки рӯзҳои наздик ба баррасии ҳукумат пешниҳод хоҳад шуд, вазири амнияти ҷамъиятӣ Сарат Вирасекара имзо кардааст. «Фаранҷӣ мустақиман ба амнияти миллӣ таъсир мерасонад», — шарҳ додааст ӯ зимни маросиме дар маъбади буддоӣ рӯзи шанбе.
«Бисёре аз мо дар кӯдакӣ дӯстони мусулмон доштем, ба шумули духтарони мусулмон», — аз ҷумла изҳор намуд ӯ, — вале онҳо ҳеҷ гоҳ фаранҷӣ намепӯшиданд. Ин — зуҳури ифротгароӣ аст ва он дар ҳамин наздикиҳо пайдо шуд. Аз ин рӯ яқинан мо онро манъ хоҳем кард»!
Сарат Вирасекара иқдоми бастани беш аз 1000 мадрасаро бо он вобаста намуд, ки мактабҳои мусулмонӣ сиёсати миллиро дар соҳаи маориф риоя намекунанд.
Пӯшидани фаранҷӣ дар Шри-Ланка моҳи апрели соли 2019 муваққатан манъ шуда буд. Он замон аз дасти исломгароён дар натиҷаи нӯҳ таркиш дар се калисои католикӣ ва чаҳор меҳмонхона беш аз 250 нафар кушта ва тақрибан 500 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Мусулмонон тақрибан 9% аҳолии 22 миллионнафараи кишварро ташкил медиҳанд. Ақаллияти этникии тамилиҳо, ки ҳиндуизмро парастиш мекунанд, 15% -ро ташкил медиҳад. 70% аҳолии Шри-Ланка буддпараст мебошанд.
ДАР АКС: Зани фаранҷипӯш дар кӯчаи Коломбо, марти соли 2021/ АКСИ. Eranga Jayawardena/Copyright 2021 The Associated Press.








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






