Дар Суғд сеюмин Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод» ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 18.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 март бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ва 20 – солагии Созмони ҳамкории Шанхай сеюмин Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод» дар вилояти Суғд оғоз гардид.
Субҳи имрӯз иштирокдорони фестивал ба ноҳияи Мастчоҳ сафар намуда, аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва мавзеъҳои тамошобоби ин ноҳия дидан намуданд. Ҳамчунин барномаи муштараки фарҳангии санъаткорони ҷавони хориҷӣ ва аҳли фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ дар Қасри фарҳанги ноҳия баргузор гардид.
Нимаи дуюми имрӯз иштирокчиёни фестивал ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафар намуда, аз Қасри маданияти Арбоб ва Боғи миллии Ваҳдати ноҳия дидан намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод» 50 нафар ҷавонони кишварҳои Россия, Қирғизистон, Афғонистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қазоқистон, Туркманистон, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон иштирок доранд.
Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод» то 19 март идома меёбад.








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






