Дар театри Конибодом бахшида Рӯзи умумиҷаҳонии театр нахустнамоиши спектакли «Садои Қу» доир мегардад

Март 27, 2021 11:02

ДУШАНБЕ, 27.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз соати 14:00 дар Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри  Конибодом  бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии театр нахустнамоиши спектакли «Садои Қу» доир мешавад, ки аз ҷониби коргардон Авлиёқулӣ Хоҷақулӣ ба таври онлайн таҳия шудааст.  Дар ин бора директори театри мазкур Ғайратҷон ҚОДИРОВ  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

— Коргардон Авлиёқулӣ Хоҷақулӣ, ки дар Лондон қарор дорад, бо ҳунармандони  театри Конибодом тариқи онлайн саҳна омода кардаанд. То ин муддат онҳо се намоиши дигарро бо номҳои «Ваҳваҳабонувон», «Суди девонагон» ва «Қобил» таҳия намуда буданд. Ба таври онлайн таҳия намудани намоиш дар фазои театрии мамлакат таҷрибаи нав аст, -иброз намуд Ғайрат Қодиров.

Ин дар ҳолест, ки 27 март   дар тамоми олам Рӯзи умумиҷаҳонии театр таҷлил карда мешавад. Тибқи анъана, он зери шиори ягонаи «Театр ҳамчун воситаи ҳусни тафоҳум ва сулҳ миёни халқҳо»  баргузор мегардад. Таҷлили ин рӯз дар саросари ҷаҳон аз  соли 1961 аз ҷониби иштирокдорони Анҷумани 9-уми Институти театр дар назди ЮНЕСКО сурат гирифта буд. Театр аввалин санъати дидорӣ буд, ки пас аз он кино ва телевизион пайдо шуданд, аммо нақши театр  дар наздикшавии фарҳангҳо то имрӯз хеле зиёд аст.

Мавриди зикр аст, ки намоиши «Садои Қу» аз рӯи навиштаҳои нависандаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ба монанди А. П. Чехов, Ю. Шекспир, А. Пушкин, Грибоедов, К.Яшин ва Ҳ. Ғулом рӯи саҳна омадааст.

Директори Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа  Фозиловаи шаҳри  Конибодом Ғайрат Қодиров гуфт, ки матнҳоро худи коргардон банду баст кардааст. Мусиқии дар намоиш истифодашуда аз оҳангсозони мондагор С. Бах, Малер ва Чайковский буда, ҳамагӣ се ҳунарманди ҷавони театр- Фарҳод Ғаффорпур, Фаррух Ваитов ва Ғайратҷон Қодиров дар он нақш меофаранд.

Зикр гардид, ки  ҳамин намоиш 12 апрели соли равон  дар Фестивали  байналмилалии кишварии Осиёи Марказӣ  ба номи «Орзу» дар шаҳри  Лондон ба таври онлайн намоиш дода мешавад.

Бояд гуфт, ки дар баробари дигар театрҳои ҷумҳурӣ театри Конибодом низ таърихи куҳан дошта, дар таҷассуми ҳувияти миллӣ ва фарҳанги халқи тоҷик саҳм гузоштааст.

Эҳёи театри Конибодом

Соли 1969 Котиби якуми кумитаи шаҳрии ҳизби коммунист, марди оқилу фозил ва фарҳангдӯст Раҳбар Қосимов, ки аз соли 1963 дар ин вазифа фаъолият дошт, хуб эҳсос кард, ки эҳёи театр барои мардуми санъатдӯсти Конибодом ногузир аст. Ва ба он муваффақ гардид, ки тибқи қарори Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ Театри давлатии драмаи мусиқӣ аз нав эҳё шавад. Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Тӯҳфа Фозилова, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон Султон Саидмуродов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Латофат Орифова барои фаъолияти минбаъда ба театри Конибодом  сафарбар мегарданд. Сарварии театрро ба зиммаи М.Нарзуллоев вомегузоранд, ки баъдтар Усмонҷон Раҳимов дар ин вазифа фаъолият кардааст.

Баъди эҳёи театр намоиши «Зафар ва Заррина» – и С.Саидмуродов нахустин буд ва мардуми нуктасанҷу ҳунардӯст онро бо шавқу завқ хуш қабул карданд. Дар ҳар намоиш толор пур аз тамошобинон мешуд. Баробари ба арсаи ҳунар омадани Болтабой Бӯриев, Истад Муҳаммадҷонова, Неъмат Обидов, Комил Туранов, Марҳабо Латифова, Охунҷон Рӯзиев, Мансурҷон Қаюмов, Шарофат Солибоева, Тӯхтасин Маризоев, Мунаввара Тӯхтаева ва дигар ҳунарпешагони ҷавон шӯҳрати театр боз ҳам афзуд. Дар муддати кӯтоҳ асарҳои «Чинори гӯё», «Раъно», «Гаҳвораи Заррин», -и С.Саидмуродов, «Тӯй»,-и Самад Ғанӣ, «Кӯчабоғи ошиқон»-и Аминҷон Шукӯҳӣ,  «Гулҳои саҳро», -и адиби қирғиз М.Тӯйбоев ба маърази тамошогарон гузошта шуд. Солҳои ҳафтодум театр таҳти сарварии Нишонбой Шерматов, Алӣ Умаров, Карим Хоҷиев як силсила асарҳоро, аз қабили «Лайлӣ»-и М.Хоҷиқулов, «Модар нигарон буд»-и Ф. Ансорӣ, «Виҷдон»-и Ҳоҷӣ Содиқ, «Орият»-и Ё.Ҳалимов, «Суруди кӯҳсор»-и Ғанӣ Абдулло, «Эшони Иллоанта ва қории хиромон»-и А.Атобоев дар таҳияи С.Холиқов, М.Қурбонов, О.Оғоев рӯи саҳна оварданд.

Дар саҳнаи театри Конибодом таҳия гардидани намоиши «Ромео ва Ҷулйетта» навгоние дар ҳаёти фарҳангии ҷумҳурӣ гардида буд. Зеро барои рӯи саҳна овардани ин афсонаи оламгари ишқ танҳо бузургтарин театрҳои дунё ҷуръат кардаанд. Санъаткорони конибодомӣ ин қолабро шикаста, ба таҳсини тамошогарон шарафёб шуданд.

Асари машҳури Ҳамид Ғулом «Тошболати ошиқ» мазҳакае буд, ки аз дидгоҳи тоза ба саҳна гузошта шуд. Ин мазҳака аз ҳама зиёд тамошобин ҷамъ карда, зери осмони кушод, дар байни мардум низ намоиш дода мешуд.

Барои таҳияи ин асар ва «Шоҳина» Тоҳир Баҳромов ба гирифтани Мукофоти Комсомоли ҷумҳурӣ мушарраф гардид. Як силсила асарҳои баландғояи рӯи саҳна омадаи он солҳо ба озмунҳои театрҳои касбӣ пешниҳод шуда, сазовори ҷоизаҳои аввал гардида буданд.

Тамошобинони пойтахти ҷумҳурӣ ҳар сафари театри Конибодомро бо пазмонӣ интизор мешуданд. Дар ривоҷи кори театр сарварони он Малика Шукурова, Водӣ Шарифов, Адҳам Қаландаров, Ҳакимҷон Латифов низ саҳм доштанд. Баъди бори дуюм сарвари ин даргоҳ таъйин гардидани У. Раҳимов ҳамкории аҳли ҳунар бо театри ба номи Аброр Ҳидоятови шаҳри Тошканд авҷ гирифт. Таҳиягари шинохтаи ӯзбек Баҳодур Юлдошев асарҳои «Ранҷиши Фармонбибӣ»-и С.Аҳмад, «Арӯси сохта»-и М.Шамхалов, «Марги судхӯр»-и Садриддин Айниро ба саҳна гузошт. Ҳунарпешагони номдори ӯзбек дар намоишҳои театри Конибодом, ҳунарпешагони ин театр дар Тошканд ҳунарнамоӣ карда буданд.

Бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардидани Истад Муҳаммадҷонова соли 1987, Д.Баҳромова, Д.Сулаймонова соли 1990, Ю.Эргашев соли 1995 нишони эътирофи санъати баланди аҳли ҳунари Канди куҳан буд. Ба театр гузошта шудани номи ситораи санъати тоҷик Тӯҳфа Фозилова бар дӯши ҳунарпешагон як ҷаҳон масъулият гузошт. Бо Ифтихорномаи Ҳукумати ҷумҳурӣ сазовор гардидани Сиддиқбой Неъматов ва ҳунарпешаи хушовоз Матлуба Мирзоҷонова –барандаи Ҷоизаи созмони ҷавонони ҷумҳурӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки чароғи ҳунари ин даргоҳ ҳамеша фурӯзон аст. Сафарҳои ҳунарӣ ба аҳли театр илҳом мебахшиданд. Ҳунари санъаткорони Конибодом тамошобинони Ӯзбекистону Қирғизистон, Қазоқистону Туркманистонро ба тасхир меовард.

Солҳои навадум аҳли театр дар таҳияи Мухторҷон Ҳайдаров, Юнусҷон Эргашев ва Солеҳҷон Холиқов як силсила асарҳоро, аз қабили «Кооперативи тӯмор»-и Шамсӣ Қиёмов, «Як каллаву сад хаёл»-и Усмонҷон Раҳимов, «Сӯҳони қазо»-и Абдуғаффор Абдуҷабборов, «Марги судхӯр»-и С.Айнӣ, «Парвона»-и Уйғун, «Гумроҳ»-и Мубинҷон Юсуфов, «Умри гузарон»-и Аъзам Сидқӣ, «Модар нигарон буд»-и Файзулло Ансорӣ ва дигар намоишҳои бачагонаро ба саҳна гузоштанд.

Замони соҳибистиқлолӣ. Сегонаи беҳтарини  театр ба намоишҳо хусусияти замонавӣ бахшиданд

Ибтидои соли 2000-ум Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Юнусалӣ Эргашев дар назди театр студияи актёрони наврас ташкил намуд, ки ба он 15 нафар наврасони хушзавқ ҷалб шуданд.

Соли 2004 аз ҷумлаи дастпарварони ин студияи наврасон 5 нафар ба Донишкадаи санъат роҳхат гирифтанд. Сегонаи беҳтарини  театр ҳунарпешагони ҷавони соҳибистеъдод-  Муҳиддини Музаффар, Фарҳод Ғаффорпур ва Ғайрат  Қодиров бо муваффақият пас аз хатми Донишкадаи санъат соли 2009  ба театр баргашта, ба намоишҳо хусусияти замонавӣ бахшиданд.

Дар театри Конибодом аз соли 2016 такон ва ҷунбиши сахти равониву маънавӣ ба амал омада, дар натиҷа Театри Конибодом аз як театри музофотии фаромӯшшуда ба яке аз фаъолтарин театрҳои ҷумҳурӣ мубаддал ёфт.

Пас аз ба саҳна гузоштани намоиши «Суди девонагон» аз рӯи асарҳои «Ҳамлет» ва «Шоҳ Лир»-и Шекспир дар таҳияи коргардони сатҳи ҷаҳонӣ- Авлиёқулӣ Хоҷақулӣ театр имкон пайдо кард, ки дар саҳнаҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ фарҳанг, забон,  расму оину анъанаҳои миллӣ, рақсу суруду мусиқиҳои тоҷикӣ, хулоса мероси бойи маънавии халқи тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ ва ҳимоя намояд.

Моҳи сентябри соли 2016 «Суди девонагон»-ро барои иштирок ба 9th Shanghai International Experimental Theatre Festival (Shanghai, China) даъват намуданд.

Ҳамин тавр моҳи октябри 2016 дар: Open central Asia Art Festival (London, United Kingdom), моҳи феврали 2017 дар 19th Bharat Rang Mahotsav (Delhi, Hyderabad, India) ҳунарнамоӣ намуда, ҳунармандони театр бо илҳому қувваи нав ба офаридани намоиши «Қорӣ-ишкамба» пардохтанд. Намоиши «Қорӣ-Ишкамба» аз рӯи асари «Марги судхӯр»-и С. Айнӣ дар таҳияи Муҳиддини Музаффар офарида шуд. Намоиш дар шакли театри анъанавии миллии тоҷикӣ- театри масхарабозон (театри хиёбонӣ) офарида шуда, се нафар дорбозчӣ (Хушнуди Дадо, Фарҳод Ғаффорпур, Фаррух Ваитов)  намоиши «Қорӣ-ишкамба»-ро бо доира ва рақсу суруду таронаҳои миллӣ иҷро мекунанд.

Намоиши «Қорӣ-ишкамба» ҳамчун беҳтарин намунаи инъикоскунандаи миллат ва расму русуму фарҳанги миллӣ ба воситаи театр моҳи сентябри соли 2017 дар Фестивали байналмиллалии театрҳои хиёбонии «Место в городе» дар Бишкеки Қирғизистон баҳои баланд гирифт.

Моҳи апрели соли 2019 намоиши «Қорӣ-Ишкамба» дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2019» соҳиби ҷои аввал гардид.

Ҳоло аҳли эҷоди театр бо дили гарму илҳоми тоза фаъолияти эҷодии худро идома дода, барои омода кардани намоишҳои ҷолиб омодагӣ мегиранд.

 София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Март 27, 2021 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

АРЗҲОИ ДӮСТӢ. Узбекистон шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон мебошад
Қаҳрамонони мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam-2024» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
Дар Тоҷикистон марҳилаи нави корҳои бостоншиносӣ оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали мӯд баргузор гардид
«ДИЛНАВИШТА». Таҳти чунин унвон маҳфили эҷодии Ибодулло Машраб баргузор гардид
«ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ ёфт
«МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАВОМДИҲАНДАИ НАЗМИ ҲАЗОРСОЛАИ ХАЛҚИ ТОҶИК МЕБОШАД». Андешаҳои адибони бузург дар васфи шоир
Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ОН ҚАДАР ДАР ДИЛПИСАНДӢ ДИЛПИСАНД АСТӢ, ВАТАН…». Имрӯз зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода аст
«БЕҲТАРИН ТАРҒИБГАРИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ-2024». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмун гузаронида шуд
«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Бадахшон даври вилоятии фестивали ҳунармандон ҷамъбаст гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ даври ҷумҳуриявии озмун баргузор мегардад