Дар Тоҷикистон соли гузашта даромади операторони хусусии алоқа афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 02.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Даромади операторони хусусии алоқаи Тоҷикистон соли гузашта 142 млн сомонӣ афзоиш ёфт, хабар медиҳад Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Масалан, соли 2020 ҶСП «Индиго Тоҷикистон» («Tcell»), ҶСП «ТТ-Мобайл» («МегаФон Тоҷикистон»), ҶСП «Вавилон Мобайл» ва ҶДММ «Таком» («ZetMobile», собиқ Beeline»), дар маҷмӯъ 2 миллиарду 551 млн сомонӣ даромад ба даст оварданд. Дар соли пешини 2019 даромади умумии онҳо 2 миллиарду 409 млн сомониро ташкил дода буд.
Зимнан, даромади воҳидҳои миллии оператори алоқа «Тоҷиктелеком», КВД «Почтаи Тоҷик» ва бахшҳои Хадамоти алоқа, баръакс, 88 млн сомонӣ коҳиш ёфтаааст: аз 268 млн сомонӣ дар соли 2019 то 180 млн сомонӣ дар соли 2020.
Шумораи дастгоҳҳои телефонии системаи ШСКТ «Тоҷиктелеком» 279 ҳазор ададро ташкил дод, ки 84,7% онҳо телефонҳои хонагӣ мебошанд.
Коршиносон афзоиши даромади операторони хусусиро дар соли 2020 ба болоравии нархи хизматрасонии мобилӣ дар семоҳаи дуюми соли гузашта ва инчунин ба пандемияи коронавирус, ки бар асари он бисёр одамон ба таври фосилавӣ кор мекарданд ва бинобар ин алоқаи мобилӣ ва интернети мобилиро бештар stop-fungus-meds.com мекарданд, вобаста медонанд.
Вазни қиёсии операторони хусусӣ дар бозори алоқаи ҷумҳурӣ соли гузашта 93,4% -ро ташкил дод. Теъдоди корбарони Интернет аввали соли равон беш аз 3,3 млн ва муштариёни мобилӣ беш аз 6 млн нафарро ташкил намуд.








Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид






