Дар Тоҷикистон татбиқи лоиҳаи нави «Модари солим, кӯдаки солим» оғоз гардид

Март 13, 2021 10:34

ДУШАНБЕ, 13.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба татбиқи лоиҳаи нави USAID- «Модари солим, кӯдаки солим» ҳусни оғоз бахшид.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  лоиҳаи мазкур  12 ноҳияи вилояти Хатлон: Ҷ.Балхӣ,  Дӯстӣ, Ҷайҳун, А.Ҷомӣ, Хуросон, Кӯшониён, Леваканд, Носири Хусрав, Қубодиён, Шаҳритус, Вахш ва Ёвонро дар бар гирифта, мақсади он беҳтар намудани вазъи ғизоӣ, пешгирии беморӣ ва  фавти модарон ва кӯдакони то 2-сола, инчунин баланд бардоштани сифат ва дастрасии кумаки тиббии наҷотбахшанда дар асоси тибби тасдиқшуда барои занон ва кӯдакони минтақаи ҷуғрофии «Озуқаворӣ ба хотири оянда» дар вилояти Хатлон мебошад.

Лоиҳаи мазкур  панҷсола буда,  барои амалишавии он 17,3 миллион доллари ИМА ҷудо гардидааст.  Лоиҳаи USAID «Модари солим, кӯдаки солим» дастгирии техникиро ҷиҳати таҳкими тамоми сатҳҳои системаи тандурустии Тоҷикистон таъмин менамояд ва барои таъсир расонидан ба меъёрҳои иҷтимоӣ ва рафтор дар самти қабули ғизо ва ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон барои мусоидат ба қабули тарзи ҳаёти солим кумак мерасонад.

Лоиҳаи мазкур ба дастовардҳои қаблан соҳибшудаи USAID оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ғизо такя намуда, ба паст намудани сатҳи қадпастӣ дар байни кӯдакони то панҷсола аз 25 то 18 фоиз ва коҳиш додани сатҳи камвазнӣ аз 11 то 6 фоиз мусоидат хоҳад намуд.  USAID дастгирии иқдомеро, ки ба беҳтар намудани вазъи ғизо дар вилояти Хатлон мусоидат менамоянд, идома медиҳад.

Дар доираи ин фаъолият USAID ниёзҳои муассисаҳои тандурустии маҳаллиро баҳогузорӣ мекунад.  Натиҷаҳо ба таҳияи нақшаҳои муфассали фаъолият, кумаки техникӣ ва беҳтар намудани қабули қарорҳо дар шуъбаҳои таваллуди беморхонаҳо ва марказҳои кумаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ оварда расониданд.  Натиҷаҳо нишон доданд, ки чӣ гуна рақамисозӣ метавонад ба беҳтар кардани қабули қарорҳо ва ба ин васила, баланд бардоштани сифати нигоҳубини модарону кӯдакони тоҷик мусоидат кунад.

Март 13, 2021 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд