Давлати Қатар барои соли таҳсили 2021 ба шаҳрвандони Тоҷикистон бурсияҳо ҷудо намудааст
ДУШАНБЕ, 16.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Давлати Қатар барои соли таҳсили 2021-2022 ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бурсияҳои таҳсилӣ дар зинаи бакалавр, магистратура ва доктор PhD ҷудо намудааст.
Тавре аз Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, довталабон метавонанд дар вебсайти донишгоҳҳо аз рӯи ихтисосҳои муайяннамудаи Давлати Қатар худро номнавис намоянд. Инчунин маълумот оид ба стипендия, тартиби қабул ва қоидаҳои таълимии аз ҷониби муассисаҳо тасдиқшуда дар вебсайти онҳо ҷой дода шудааст.
Ҳамчунин доштани сертификатҳои малакадонии забони англисӣ (TOEFL/IELTS, GRE, GMAT, MCAT, ACT/SAT) барои довталабон ҳатмист. Дар ҳолати пешниҳод накардани сертификатҳо, ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи онҳо мавриди баррасӣ қарор намегиранд.
Маълумоти муфассалро метавонед аз телефони 223-23-59 ё почтаи электронӣ: mbb-2008@mail.ru пайдо намоед.








Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






