Директори АМИТ «Ховар» директори генералии ТАСС Сергей Михайловро бо 50-солагӣ табрик намуд
ДУШАНБЕ, 17.03.2021 / АМИТ «Ховар» /. Имрӯз директори генералии Агентии давлатии иттилооти Россия ТАСС Сергей Михайлов 50-сола шуд. Ба ин муносибат, роҳбари АМИТ «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ ба ҳамкасби худ номаи табрикотӣ ирсол намуд.
Матни номаи табрикотӣ дар поён оварда мешавад.
Ба директори генералии
Агентии иттилоотии Россия ТАСС
МИХАЙЛОВ С.В.
Муҳтарам Сергей Владимирович!
Шуморо бо 50-солагӣ самимона табрик мегӯям!
Имрӯз ТАСС, ки Шумо онро тайи нӯҳ сол аст роҳбарӣ менамоед, бо доштани таърихи беш аз 100-сола ва маҳсулоти муосири иттилоотӣ, порталҳои ҷолиби мултимедиявӣ ва бойгонии беназир яке аз бузургтарин агентиҳои иттилоотӣ дар ҷаҳон маҳсуб меёбад.
Сифатҳои шахсии роҳбарии Шумо — салоҳиятнокӣ дар касби худ, қобилияти фикрронии амиқ, хушгуфторӣ ва қотеъият, ки дар якҷоягӣ калиди муваффақияти ҳайати ТАСС гаштаанд, ба самаранокии фаъолияти Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ, ки сарварии он бар дӯши Шумо аст ва АМИТ “Ховар” аъзои он мебошад, таъсири мусбат расонид.
Ба Шумо саломатӣ, бурдборӣ, муваффақиятҳои нав ва фаъолияти тӯлонии пурсамар таманно дорам!
Бо эҳтиром,
Директори Агентии миллии иттилоотии
Тоҷикистон «Ховар»-и назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ СИДДИҚ
15 марти 2021 с.
ДАР АКС: 14 марти соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ТАСС Сергей Михайлов (аз чап) ва муовини якуми ӯ Михаил Гусманро, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои ИДМ дар Душанбе қарор доштанд, ба ҳузур пазируфтанд. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид






