Доир ба лоиҳаи “Навкунии низоми омори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагӣ ба лоиҳаи “Навкунии низоми омори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба таври онлайн суҳбати “мизи мудаввар” доир гардид. Лоиҳаи мазкур аз моҳи декабри ҳамин сол шурӯъ гардида, маблағи грантии он 10 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Тавре хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, дар ҳамоиш ҳайати роҳбарикунандаи вазорату идораҳои дахлдор, субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ, воҳидҳои оморӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Директори Агентии омори ҷумҳурӣ Гулнора Ҳасанзода зикр кард, ки дар ҳамкории зич бо мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ тибқи ёддошт вобаста ба таҳияи лоиҳаи грантии “Навкунии низоми омори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” якчанд корҳо ба анҷом расонида шуда истодаанд. Аз ҷумла, дар асоси талаботи Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи нақшаи ҳамкории мутақобила бо ҷонибҳои манфиатдор ва нақшаи уҳдадориҳои экологию иҷтимоӣ якҷо бо тартиби бартарафкунии партовҳои электронӣ таҳия гардиданд.
Мавсуф гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат аз ҷониби Агентии мазкур аллакай чандин лоиҳаҳо дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ амалӣ карда мешаванд.
— Ногуфта намонад, ки дар мамлакат Стратегияи миллии рушди омори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030 таҳия ва тасдиқ карда шуд ва яке аз востаҳои татбиқи чунин стратегия, албатта, лоиҳаҳои байналмилалӣ мебошанд, ки бо ҷалби маблағҳои грантӣ ва шарикон амалӣ мегарданд. “Мо ба гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ барои иштироки фаъолона дар раванди омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои баррасии Шӯрои директорони Бонки ҷаҳонӣ изҳори сипос менамоем”,-афзуд Гулнора Ҳасанова.
Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ, роҳбари лоиҳа Алишер Раҷабов иброз дошт, ки “ҳоло мо барои гуфтушунид омодагӣ дида истодаем ва баъди анҷоми онҳо ҳуҷҷатҳо ба Шӯрои директорони Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод мегарданд. Боварӣ дорем, ки то охирҳои соли равон хулосаҳоро мегирем ва пас аз қабул шудани қонун дар Парлумон амалӣ намудани лоиҳаи мазкур шурӯъ мегардад”.
Муовини директори Агентии омор Қиёмиддин Давлатзода оид ба лоиҳаи “Навкунии низоми омори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.
Дар хатми ҳамоиш нақшаи ҳамкории мутақобила бо ҷонибҳои манфиатдор ва нақшаи уҳдадориҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо аз ҷониби ҳамаи ишштирокдорони ҳамоиш мавриди муҳокима қарор гирифт.








Пагоҳ дар Душанбе Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» оғоз меёбад
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок менамояд
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардид
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон иштирок намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд






