Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 292 нафар донишҷӯро аз пардохти маблағи хобгоҳ озод намуд
ДУШАНБЕ, 27.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 292 нафар донишҷӯеро, ки дар хобгоҳи донишгоҳ истиқомат мекунанд ва маблағи хобгоҳро барои шашмоҳаи дуюми соли таҳсили 2020-2021, яъне аз моҳи январ то моҳи июни соли равон насупоридаанд, аз пардохти маблағи хобгоҳ озод намуд.
Тавре аз Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз 1 январи соли равон андозаи музди меҳнати ҳамаи кормандони донишгоҳи мазкур 5 фоиз зиёд гардида, омӯзгорону кормандоне, ки дар хобгоҳи донишгоҳ зиндагӣ мекунанд, аз пардохти маблағ барои истиқомат дар хобгоҳ озод гардиданд.
Иқдоми мазкур дар асоси сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо муассис- Иттифоқи «Тоҷикматлубот» роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он баланд бардоштани нуфузу эътибори олимону омӯзгорон дар ҷомеа ва ғамхорӣ намудан ба донишҷӯён мебошад.








Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд






