«Дунёи саодат». Таҳти ин унвон дар ноҳияи Роштқалъа озмуни ансамблҳои оилавӣ баргузор гардид
ХОРУҒ, 02.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар хонаи фарҳанги Ҷамоати деҳоти Тавдеми ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озмуни ноҳиявии ансамблҳои оилавии «Дунёи саодат» баргузор гардид, ки дар он беш аз 7 оилаи ҳунарманду ҳунардӯст аз деҳоти ин ноҳия ширкат намуданд.
Директори Маркази илмӣ-методии эҷодиёти халқи вилоят ва раиси ҳакамон Сорбон Мамадамонов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» гуфт, ки «ин оилаҳо аз рӯи 10 номина байни ҳам рақобат намуданд. Дастаи ҳунарии оилаи Муборақаддамовҳо аз Ҷамоати деҳоти Тусиён бо рақсҳои ҷаззоб, таронаҳои гӯшнавоз ва иҷрои оҳангҳои халқӣ бо асбоби қадимаи мусиқӣ ҳам таваҷҷуҳи ҳакамон ва ҳам тамошобинонро бештар ба худ ҷалб намуд. Яке аз ҳадафҳои озмун агар аз як сӯ рушди фаъолияти ансамблҳои оилавӣ ва пайдо кардани чеҳраҳои нави ҳунарӣ бошад, аз сӯи дигар, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии наврасону ҷавонон аст. Ҷавонон бояд аз санъати асили миллӣ огоҳ бошанд ва онро бо унсурҳои бегона омехта насозанд. Зеро ниёгони мо давоми асрҳо ин ҳунари асилро беолоиш нигоҳ дошта, то замони мо расонданд ва мо бояд ин анъанаи некро ҳифз кунем».
Аз назари ҳакамон, ансамбли оилавии Муборакқадамовҳо яке аз довталабони асосӣ ба Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавии «Дунёи саодат» мебошад.
Роҳбари ин ансамбли оилавӣ Фозилбек Муборакқадамов гуфт, ки “дар оилаи мо аз хурд то бузург, аз зан то мард маҳорату истеъдоди сарояндагиву навозандагӣ ва нақшофаринӣ доранд, аммо дар ин озмун танҳо 15 нафар ширкат мекунанд. Мо дар оила чун кӯдак аз гаҳвора берун шуд, ба дасти вай бозича не, балки рубоб медиҳем ва бо мурури замон тарзи навохтани онро ба ӯ меомӯзем. Ҳар бегоҳ кӯдакону калонсолон дар хона гирди ҳам омада, суруд мехонанд. Ҳатто дар фасли сармо агар хона сард бошад ҳам, дар ҳавои рақсу тарона касе ин сардиро эҳсос намекунад. Ба ҷуз ин садои суруд мунозираву муноқишаи бемаъниро низ аз дар берун мекунад. Ман ба Пешвои миллат изҳори сипос мекунам, ки ҳамеша барои ҳифзи анъанаҳои миллии мо тадбирҳои судманд меандешанд».
Озмуни мазкур дар дигар ноҳияҳои вилоят низ идома дошта, ғолибон ба даври вилоятӣ роҳхат мегиранд. Ансамблҳои оилавие, ки дар даври вилоятӣ пирӯз мешаванд, ба Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ансаблҳои оилавии «Дунёи саодат» роҳхат пайдо мекунанд.








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






